Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Чӣ, сардори раёсат худаш дар бораи ин амалиёт хабар надоштаст?
-Агар хабар медошт, магар ҳайрон мемонд.
-Дуруст. Истед, ки ман куҷо омада будам?
-Намедонам.
-Ҳа, хостам ёрдамчиатро ба мағоза фиристам, то як чой гирифта биёрад ё агар зид бошед, худам равам?
-Сержант Буриев!
-Ман.
-Аз пайи супориши рафиқ подполковник шавед!
-Итоат.
Чун Буриев аз пайи супориш рафт, Сафаров пурсид, ки оё дар ноҳияи Сарчашма барои зарба задан ба нашъаҷаллобон амалиёти дигареро ба нақша гирифтаанд ё не?
-Намедонам ва бояд иқрор шуд, ки ягон кас рафторҳои Дастам Қосимро пешгӯӣ карда наметавонад.
-Инаш рост, наход чунин амалиёти калонро ба нақша гирию ҳатто сардори раёсат аз он огоҳӣ наёбад.
-Шояд ҳамааш тасодуфан рух дода бошад.
-Кӣ медонад?
Баъди панҷ дақиқа Буриев аз мағоза баргашта, қуттии чойро ба дасти Сафаров дод.
-Раҳмат!
-Намеарзад.
Сафаров аз шуъбаи навбатдорӣ рост ба утоқи кориаш омада, қуттии чойро дар ҷевони паҳлуи дар монда, ҷисми хешро болои курсии мулоим гирифта ба андеша рафт. “Агар ин амалиётро пешгирӣ мекардам, раис як умр аз ман қарздор мешуд.”
-Баръакс, хуб шуд, ки хабар наёфтӣ, вагарна марги сафед боз садҳо оиларо мотамзада мекард, - нидо омад аз замираш.
-Марги сафед гуфта мешинед, о барои истифодаи он касеро маҷбур намекунанд.
-Худат ҳам чун истеҳсолкунандагони героин андеша дорӣ.
-Чӣ хел?

пешина
аз 441
навбатӣ