Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Он худозадагон ҳам қуттиҳои ин маводи марговарро ба диёри мо фиристода, дар болояш менависанд: - “Худ макаш, ба фарзандон мадеҳ, ба кофар деҳ.”
-Чияш хатост?
-Ҳамааш.
-Ягон хатоеро намебинам, шахси мусулмон набояд сафедӣ истеъмол намояд.
-Кофару муъмин ҳама халқи Худост.
-Охир ман ба касе сафедӣ нафурӯхтаам-ку.
-Вале он қадар амалиётҳои некухоҳонаи ҳампешагонатро шикастӣ.
-Лӯлиро об деҳу пулашро гир.
-Дурӯяҳо дар ҳарду дунё рӯсиёҳанд.
-Это не тебе судить.
-Намак хӯрдӣ, намакдонро маёзор.
-Ман танҳо онҳоеро даст гирифтам, ки аз тангии рӯзгор ба чунин роҳ қадам ниҳоданд.
-Яъне, ба хотири зиндагии хеш ҳаёти садҳо нафарро шикастан гап нест.
-Зиндагӣ ин мубориза аст ва дар он танҳо нафароне зинда мемонанд, ки дар талоши ҳайётанд.
-Ин ҳикмат барои инсонҳо нест.
-Пас он барои чист?
-Барои олами вуҳуш...
Ӯ боз чизе гуфтан мехост, вале телефон занг зад...
-Сафаров гӯш мекунад.
-Вохӯрдан лозим.
-Кай ва дар куҷо?
-Бегоҳӣ, соати ҳафт дар ҳамон ҷойи пештара, - гуфт нафари дар дигар тарафи сим буда ва алоқаро қатъ намуд...
Субҳи рӯзи 4 ноябр таъби Карими Кабир нисбат ба рӯзҳои пешин каме болида буд, ки тағояш Давлат низ инро пайхас намуда гуфт:
-Каримҷон, мефаҳмам, ки ту аз флот дил канданӣ надорӣ, чунки амаки Акрам дар замони ҶБВ худ маллоҳ буд ва гузаштани туро аз ҳамон пайроҳа дидан мехост.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо