Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд ин амал бинобар пошхӯрии СССР ба вай даст надод, ӯ аз маллоҳ будани худат ҳамеша ифтихор дошт, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, фикри ояндаро низ намуданат лозим.
-Чӣ хел?
-“Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз” гуфтаанд ва модоме ки зиндагӣ бо русдухтар натиҷае надод, ин навбат ҳамсарро аз миллати худамон интихоб намо.

  • Тоҷикдухтар дар Владивосток?
    -Чӣ, магар тоҷикдухтар дар Владивосток зиндагӣ карда наметавонад? Ба хотир биёр ки мақоли русӣ “с милым и на край света рай” чун ҳикмати гузаштагон барои мо ба мерос монда, - гуфт зани тағояш.
    -“Если милый по душе, проживу и в шалаше,”- хандида гуфт Давлат ва илова намуд, ки аввал аз ваяш халос шавад, пас дар ин бора андеша хоҳад кард.
    -Гапи ҳардуятон ҳам ҷон дорад, янга ва чун аз вайяш ҷудо шавам, албатта, сари гуфтаҳои шумо низ андеша хоҳам кард.
    Баъди тановули субҳгоҳӣ мичман боз ба тамошои шаҳр баромад ва дар ҳамин тамошои сарироҳӣ ӯ дар чанд ҷо бо мӯйсафеду пиразанҳое рӯ ба рӯ омад, ки аз ночорӣ ба хотири пеш бурдани рӯзгор хазинаи тиллоии китобҳои дар давоми солҳо гирдовардаашонро, ки худ порае аз адабиёти ҷаҳон буданд, бо нархи ночизе ба фурӯш бароварда буданд...
    Дар ҳамин ҷо ғайриихтиёр Карим ривоятеро, дар бораи нон ва китоб, ки дар куҷое хонда ва ё аз забони шунида буд, ба ёд овард...
    Замоне дар маҳфиле байни деҳқон ва олиме дар бораи нон ва китоб баҳс сурат гирифтааст. Чун олим дар он маҳфил ба худситоӣ роҳ дода қадру манзалати китобро ба арши аъло бардошта, нисбат ба меҳнати деҳқон таваҷҷуҳе зоҳир накард, деҳқон дар шигифт шуда гуфт, ки агар ҳосили дасти деҳқон намебуд на олим буду на китоб ва барои собит намудани фикри хеш пешниҳоде намуд, ки олим ҳам онро пазируфт.
    Сипас дар ҳузури чанд тан аз нафарони дар он маҳфил буда пораи нонеро дар арши хона, ки барои одам дастнорас бошад, ҳамоил намуда, олимро дар иҳотаи китобҳояш он ҷо монда, аз хона баромада, дарро аз берун маҳкам намуданд.
пешина
аз 441
навбатӣ