Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Тайи чанд соат олим ба мутоилаи китоб машғул шуд ва дар интиҳо бемадориро ҳис намуда, хост он пораи нонро гирифта, гуруснагӣ шиканад, вале чун арши хона баланд буд, натавонист он пораи нонро ба даст оварад. Соате боз аз баҳри ин амал баромад ва ба қироати китобҳо дода шуд ва чун дид, ки беҳолу бемадор шуда истодааст, китобҳоро болои ҳам чид ва болои онҳо баромада он пораи нонро гирифт...
Ҳангоми дар мактаби миёна таҳсил намуданаш сухани сарвари вақтии давлат ”Нон бошад, суруд ҳам мешавад”26 вирди забони ҳамагон буд, вале баъзеҳо шукронаи сулҳу салоҳ ва ин неъмати худовандиро накарда, дар зери навои “мусиқии” аҷнабиён кишварро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ тела дода, мардумро ба луқмаи ноне зор намуданд.
Ӯ аз ҳамин “хазинаҳои тиллоии” сарироҳӣ “ Ал-Қонун”-и Сино, рубоёти Умари Хайём ва ғазалиёти Ҳофизӣ Шерозиро харидорӣ намуд.
Дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр қадам зада, мичман сари суҳбати пагоҳирӯзиаш бо тағояш Давлат ва ҳамсараш Муҳайё боз андеша намуд.
Модоме ки духтарони тоҷик дар тамоми шаҳрҳои Русия мардикор шуда хизмат мекунанд, пас чаро яке аз онҳо дар Владивосток зиндагӣ карда наметавонистаст. Ҳарчанд ӯ ҳанӯз аз ҳамсараш ба таври расмӣ ҳам ҷудо нашуда буд, вале ин монеае ҳам барои издивоҷи навбатиаш шуда наметавонист, чунки марди мусулмон ҳаргиз ба чунин хиёнати ҳамсар, ки аз қафои нафари дигаре баромада меравад, созиш карда наметавонад. Дар ин ҷода ба ҷуз шариати ислом боз худи қонун низ ӯро пуштибон буд, чунки онҳо ҳанӯз фарзанд надоштанд ва баҳси молумулкӣ ҳам ба гумон буд байнашон ба амал ояд, аз ҳамин лиҳоз бо розигии тарафайн шуъбаҳои ақди ҳолати шаҳрвандӣ низ онҳоро ҷудо карда метавонистанд.
Тайи ду ҳафтаи охир ӯ на як бору ду бор он духтари резапайкарро, ки дар пеши фурудгоҳи Домодедово вохӯрда буд, пеши назар овард. Аз пеши назараш ҳеҷ нигоҳи зебо ва
Манзур Л.И.Брежнев аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо