Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Бадани урёни он парии обӣ чун ҳама моҳиҳои дигар лағжнок буд ва доштани он барои сайёд осон набуд. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб гардидаву ӯ аз дасти сайёд раҳо шуд...
-Ман ин ҷо! Ман ин ҷо! -Гоҳ-гоҳ болои об ҷаҳида ово мекард Зулайхо ва боз зери об мерафт.
Карим ҳайрон буд, ки чаро Зулайхо ӯро ба сӯйи хеш хонда, боз фирор, мекунад.
-Ман ин ҷо! Ман ин ҷо! - боз ово кард он парии обӣ.
Карим бо тамоми қувва барои дубора ба даст овардани он моҳии раҳошуда дастак зад ва чӣ хел ба баҳри кушод баромаданашро нафаҳмид.
“Ҳайфи ту барин шиновар, ки моҳиро дар соҳил дошта натавониста то баҳри кушод овардӣ. Акнун дар ин баҳри калон, ки ҷойи гардиши наҳангу наҳангчаҳост, ба даст овардани ӯ ба гумон.
-Ман ӯро, албатта, ба даст меорам.
-Чӣ тавр ӯро ба даст меорӣ, ки мавҷҳо вайро ба чанголат андохтанд, вале худат онро дошта натавонистӣ ва ин андешаи ботилро аз сар дур намо.
-Чаро?
-Чунки аз соҳил хеле дур рафтӣ.
-Боке нест, чунки ману Зулайхо ба киштӣ менишинем.
-Киштӣ дар куҷост?” Ӯ чун ба самти шино намудааш нигарист, на нишоне аз соҳил диду на аз киштӣ. Худоё, наход аз соҳил мо ин қадар дур шуда бошем, аз дил гузаронд Карими Кабир ва дар замоне ки андешаи бозгашт ба соҳилро дошт, дар вуҷудаш гармиеро эҳсос намуд ва чун андешаҳоро аз хеш дур кардан хост, Зулайхоро дар оғӯшаш дид, ки ҷисми хешро ба ӯ ҷафстар мекард.
“Маро наҷот деҳ.
-Аз чӣ?
-Аз таъқиби ана в...а...й... -“ Карим ҷисми бонуи дар байни бозувонаш бударо бештар фишурда нигоҳашро ба самти нигоҳи Зулайхо духт...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо