Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Наҳанге ба сӯйи онҳо шино дошт...
Баҳри дифои Зулайхо ӯ худ ба самти наҳанг ҷаҳиду...
Худро болои бистар дид...
Ба тиреза касе ангушт мезад ва ниҳоят мичман ба худ омада дарк кард, ки борон борида истодааст. Карим хеле ба садои борон гӯш дод... Чӣ овози фораме дорад борон! Садояш ба кас ҳаловат мебахшад...Маҳз ҳамин садо дафтари хотироти ӯро варақгардон намуд, вале варақаҳои намгирифтаи дафтар бозгардон намешуданд ва дар саҳфаи аввалини он дафтари намгирифта ӯ хотиротеро аз рӯзгори хеш бо русдухтар хонд...
Пеш аз сайёҳати навбатӣ ба баҳр дар миёнаҳои моҳи апрел ӯ ҳамроҳи Светлана ба замбурӯғчинӣ рафт ва нохост борон гирифт. Дар Владивосток чун ҳама шаҳрҳои наздисоҳилӣ баҳру уқёнусҳо борон як меъёри муқаррарист ва мардум низ ба ин муъҷизаи табиат одат намудаанд. Ва дар он рӯзи моҳи апрел зану шавҳари ҷавон ба замбурӯғчинӣ баромада, сар то ба по тар шуданд. Света ҷисми сар то ба по таршудаашро ба тани ҳамсар чунон ҷафс намуд, ки...
Имшаб бошад, Зулайхо аз ӯ гурехт.
“Рафту шавҳар дошта бошад-чӣ?
-Охир дар Маскав ӯ худаш гуфт, ки яккаву танҳост.
-Ин занҳоро фаҳмидан душвор, ба ёд биёр рафтори ҳамсари худатро.
-Дар ҳақиқат Светлана баъди ба баҳр рафтани ман ҳатто интизори бозгаштам нашуда, аз дунболи дигаре рафт.
-Не, агар ӯ шавҳар медошт, асло аз ман ёрӣ талаб намекард ва боз он наҳанг...
-Чаро наҳанг ӯро таъқиб кард? Чаро?” Шамол қатраҳои боронро боз ба шишаи тиреза зад, вале бо суръати баландтар, мисли оне ки на бо ангушт, балки бо лағад ба дар мезананд.
“-Чаро, чаро? О ин ҳамааш дар хоб буд ва боз худат шарм надошта ба таҳлили он машғул ҳастӣ. Мисли оне, ки гурба чарбу хоб мебинаду лабонашро мелесад, ту ҳам аз як хоби одӣ таърихе бунёд намудан мехоҳӣ - нидо омад аз замири мичман.

пешина
аз 441
навбатӣ