Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Шояд ҳамааш натиҷаи андешаҳои дирӯзаам бошад, чунки ман дирӯз Зулайхоро чандин маротиба пеши назар овардам. Новобаста аз он ки дар ҳамин лаҳзаҳо байни ману Зулайхо чор ҳазор километр масофа ҳаст. Албатта, андеша ҳам шахсиятҳоро ба ҳам наздик месозад. Имрӯз ба хонаи амакаш рафта бо баҳонае суроғаи дар Маскав доштаашро фаҳмида мегирам.” Субҳ медамид...
-Чӣ хоби зебое. Дар хонаи то ҳануз субҳ надамида сари хоби лаҳзае пеш дидааш хеле фикр намуд Зулайхо. Суман чун ҳамешагӣ дар ҳамон ҷо ҳам маро осуда нагузошт. Хайрият ин дафъа асрори дар дил нуҳуфтаашро кушод. Ин дар ҳолест, ки ҳамеша бандаро, бар он ҳидоят мекунад, ки ба фиреби мардҳо дода нашавам. “Мардҳо қодиранд бо як себ занро фиреб диҳанд,” - мегӯяд Суман.
Хайр, агар ин ҳамаро медонию чунин ҳури покӣ, пас чаро Каримро аз ман рабудан хости?
-Не, ман ӯро ба касе намедиҳам.
-Рафту ӯ зан дошта бошад-чӣ?
-Бовар намекунам, мефаҳмӣ, бовар намекунам.
-Чаро ?
-Чунки ҷойи ӯ дар қалби ман холист.
-Ҷойи, Фарҳод чӣ?
-Маро ба ҳоли худам гузор.
-Ту булҳавасӣ.
-Хато мекунӣ. Бубин, ман тайёрам аз гуноҳи Карим гузарам.
-Ӯ гуноҳе надорад.
-Медонам.
-Пас кадом гуноҳи вайро бахшидан мехоҳӣ?
-Ҳамаи он гуноҳҳои то ба ин лаҳза содир намудаашро.
-Афсӯс ки шутур каҷии хешро намебинад.
-Нокарда дар ин ҷаҳон гуноҳ кист бигӯ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо