Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Инаш рост, вале метарсам, ки агар ӯ туро интихоб кунад, ба вай содиқ мемонӣ ё не.
-Қасам ба ҷонам, ки барояш ҳамсари бовафо мешавам.
-Дар сухан?
-Не, дар асл.
-Ба Фарҳод ҳам чунин ваъда дода будӣ.
- Ман ҷугӣ нестам, ки кулвори гадоӣ ба китф гирифта хӯрондану пӯшондани шавҳарро ба душ гирам.33 Хайр, дар ҳодисаи Маскав Фарҳод гунаҳкор, вале пурсиданам, ки чаро муҳаббати аввалатро, ки ба хотири он дарвозаи ҳавлии падарро ба рӯят бастӣ, ҳифз накардӣ?
-Ин хатои аввалин ва охирини ман буд.
-Хатои авфнопазир ва агар ҳамон солҳо қадру қимати хешро пеши по намезадию аз манзили падар муҳаббат гуфтаю ба хотири кадом як ҷандапӯше фирор намекардӣ, ба чунин рӯзҳо намерасидӣ.
-Кори шудагӣ шуд ва дигар аз тавбаю надомат ҳам суде нест...
Қатраҳои борон мисли оне, ки мусиқанавоз пеш аз навохтани оҳанге ба торҳои рубоб ангушт мезанад, то бифаҳмад ҳамнаво будани торҳоро чун мусиқии ноҷӯр ба шишаи тиреза бархӯрданд. Аввал оҳиста-оҳиста ва сипас бо суръате баландтар, чун ҳама навои ноҷӯр...
Дирӯз ӯ аз хона набаромад, гумон намуд, ки фардо, не алакай имрӯз аз сари субҳ ҳама корашро ба сомон мерасонад, вале аз толеъи бадаш боз ин борон. Борон агар ҳамин хел давом кардан гирад, ба гумон аст корҳоямро ҳам ба сомон расонида тавонам. Ӯ борҳо аз забони бобояш шунида буд, ки
33 Аз рӯйи баъзе ривоятҳо ҳангоми никоҳ дар қабилаи ҷугиҳо домод дар байни хона чун шахси бемор мехобад ва дар паҳлуяш хӯрҷинеро (замбила) мегузоранд ва чун арӯс омада хӯрҷинро ба китф гирифтаю ваъда дод, ки то замоне, ки ҷон дар бадан дорад, хӯрондану пӯшонидани домодро ба душ мегирад, домод аз ҷой намеҷунбад ва никоҳ басташуда ҳисоб намешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо