Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд Зоғов сари нишондоди айбдоршаванда андеша намуд, вале ба як хулосаи муайян омада натавонист. Дар асоси таҳлилҳои чандинкарата муфаттиш ба хулосае омад, ки Ормон Файз ба кадом як қувваи пасипардагие умед бастааст, вале он чӣ қувваест Зоғов ҳам намедонист.


Онҳо баъди аз бинои милиса баромадан, ҳар кадоме сари андешаҳои хеш хеле роҳ рафтанд. Чун сари чорроҳа расиданд, Зулайхо телефон-автомати сари роҳро дида гуфт:
-Маро занг заданам лозим.
-Ман ҳамин ҷо интизор шавам?
-Не, биё беҳтараш якҷоя занг мезанем.
-Ба куҷо?
-Ба ҳамон нафаре, ки Сорбони Ҳомид гуфт.
-Барои бекор карданӣ шартнома?
-Ҳа.
Ҳарду аз чорроҳа гузашта ба тарафи телефон-автомат рафтанд ва Зулайхо чанд рақамро дар диск тоб дод.
-Гӯш мекунам.
-Ин ман.
-Фаҳмидам.
-Бубахшед, ки ман омада натавонистам.
-Ман бошам як соат шуморо интизор шудам.
-Албатта, ман меомадам, вале соати даҳ бандаро ба милиса даъват намуданд ва лаҳзае пеш аз бинои милиса баромадам.
Агар ягон дигаргуние дар самти корҳои ҷустуҷӯӣ ба даст оварда бошед, ман тайёрам худи ҳамин лаҳза бо шумо вохӯрам.
-Милиса ягон дастоварде дорад?
-Намедонам.
-Мо ҳам, вале агар шумо боз ягон ҳафта ба мо вақт медодед?

пешина
аз 441
навбатӣ