Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Ман аллакай дар ин бора суханамро гуфтам, ки шартномаи мо то лаҳзаи парвоз, яъне то соати 1700 қувваи хешро нигоҳ медорад ва баъди он дигар эътиборе надорад..
-Шартномаро ҳамин хел яктарафа бекор карданиед?
-Бале.
-Корҳои ҷустуҷӯии моро кӣ ҷуброн мекунад?
-Агар ба натиҷае ноил мешудед, ман ҳамаашро ҷуброн мекардам ва ҳоло ки шуморо дастоварде нест, “детективҳоятонро” аз ҳисоби идораатон сарфароз намоед.
-Рафту шумо мард мешудед, суҳбати мо шакли дигар мегирифт.
-Маро натарсонед ва кореро, ки аз уҳдааш намебароед, минбаъд ба зимма нагиред.
-Ин амр аст?
-Не, хоҳиш. Хуш бошед,-гӯён Зулайхо гӯшакро ба ҷояш гузошт.
Карим фаҳмид, ки Зулайхо ҳамеша ҳуқуқҳои хешро ҳифз карда метавонад.
-Хайр, чӣ истодаем? Рафтем, - гуфт ҷавонзан.
-Рафтем.
-Биё ба хонаи амакам равем.
-Бубахш, ки ман ба он ҷо рафта наметавонам.
-Муваққатан ё тамоман?
-Чун қотилро дастгир намоянд, албатта, боз ба хонаи амакат меравам.
-Танҳо?
-Не, мо он вақт якҷоя меравем.
-Чӣ хел якҷоя?
-Ману шумо.
-Аз янга наметарсед?
-Не.
-Чӣ хел?
-Ҷойи ӯ холист.
-Ҳоло муҷаррадам гӯед?
-Қариб.
-Яъне бо кадом сабабе нияти аз ҳамсаратон ҷудо шудан доред?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор