Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Чаро хомӯшед?
-Чӣ гӯям, рафиқ майор?
-Ҳар чӣ дар дилатон ҳаст. Охир пӯшида нест, ки мавҷи ҳаракати нашъаҷаллобон аллакай ба соҳилҳо баромадааст, вале банда ҳамчун сардори бахш дар ин бора ягон маълумоте нагирифтаам. Сардори милиса бошад, аз ким-чӣ хел ҳуҷуми генералӣ гап мезанад. Чӣ лозим каломеро ба забон овардан, ки ба мусоҳибат боварӣ надори, ё ӯро дар пеши даҳонаш кӯтал нест, ва ҳарчӣ ки хост, гуфтан мегирад?
- Дастам Қосим қариб як сол боз сарварии милисаро ба душ дорад ва ба андешаи банда ӯ инсони бад нест.
- Медонам, вале дилам гувоҳӣ медиҳад, ки ӯ нисбати он амалиёти генералӣ чизеро аз мо пинҳон медорад.
- Рафиқ майор, шояд ба банда рухсат медодед, ки аз пайи супориши муфаттиш мерафтам? - худро аз вартаи ин баҳс бароварданӣ шуда пурсид Сорбони Ҳомид.
-Сад ҳайф, ки шумо ҳам, рафиқ капитан, дар кушодани кроссворди Дастам Қосим таҳти номи муасири “мушқапак” чун худи ман лол мондед.
-Чӣ илоҷ, ҳар кроссворд калиди кушодашавии хешро дорад ва чун калидро наёфтед, мунтазир шудан беҳтар аст, - гӯён ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ аз ҷой бархест...
Капитани милиса ба ошёнаи якум фаромада, ба навбатдор мақсади бо кадом самт рафтанашро гуфта дод.
-Беҳуда худро ташвиш надиҳед, рафиқ капитан.
-Чӣ хел худро ташвиш надиҳам?
- Чунки сайд бо пойи худаш омадааст.
- Кадом сайд?
- Ҳамоне, ки шумо нияти ба ҷустучӯяш рафтан доштед.
Ҳарчанд ӯ даъватнома надорад, вале гуфт, ки шумо дирӯз дар хонаи амакаш ӯро суроғ намудед ва аз ҳамин лиҳоз духтар имрӯз худ ба суроғи шумо омадааст.
-Ҳоло вай дар куҷо?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё