Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Ҳамзамон сардори милиса гуфт, ки “агар мушқапак кор диҳад,” мо ба нашъаҷаллобон зарбаи ҳақиқӣ хоҳем зад
-Акнун банда донистан мехоҳам, ки оид ба амалиёти “мушқапак” мо кадом корҳоро анҷом додаем?
-Корҳои мо дар ҳамон сатҳе қарор доранд, ки моҳе пештар дар маҷлиси мушовараи вазорат муфаттиш Бобоқулов оиди пеш нарафтани парвандаҳои сӯхтор ҳисобот дода буд.
-Чӣ хел ҳисобот? - Бобоқулов дар як ҷумла, ки он ҳам бо забони руси ба самъи ҳозирин расонида шуд, забони ҳайати мушовараро баст.
-“Товарищи дело о пожарах, находятся в пожарном состояние», - ба ёд овард Сорбони Ҳомид суханони дар маҷлиси мушовара гуфтаи майори милиса Бобоқуловро ва бо овози шунаво гуфт:
-Ба ҳар ҳол ҷумла нишонрас буд.
-Сухани ҳақ ҳамеша нишонрас аст ва муфаттиш Бобоқулов ҳам он чиро гуфт, ки бояд мегуфт, вале рафту агар моро дар нисбати корҳои хому хаталаамон пурсон шаванд, чӣ мегуфта бошем.
-Мегӯем, ки “мишеловка не сработал.”
-Ман бешӯхӣ мепурсам, - нигоҳи сардашро ба сӯям дӯхта пурсид Тоҳир Солеҳ.
Аз чӣ бошад Сорбони Ҳомид воқеаи рӯзи 5 август бо Эрик Рура рухдодаро, ки ба мақсади чунин амалиёт ӯро аз ошёнаи дуюм, ана аз ҳамин дафтари корӣ, ки нафари дигаре сардори бахш буд, гурезониданд ба ёд овард. Ба хотири ба зери шубҳа нагузоштани Рура сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ подполковники милиса Сино Ҷӯраро аз вазифа сабукдуш намуданд ва ҳоло ӯ дар ихтиёри раёсати кадрҳои вазорат буд. Сардори милиса Дастам Қосим аз Рура умеди калон дошт, вале ӯ ҳақ надошт, ки ба ҷуз онҳое, ки чунин амалиётро тарҳрезӣ намуда буданд, дар ин бора ба касе забон кушояд...Чун капитани милиса Сорбони Ҳомид дар ин амалиёти ба нақшагирифта даст дошт, наметавонист бар хилофи дастури идора каломе ба забон орад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё