Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Сухангўи имрӯза метавонист муҳри хомўшӣ ба лаб гираду худро аз талотумҳои оянда ҳифз созад, вале…
Ў аз худ дарак дод, чаро?
Ин тарафи масъала ҳанўз баҳри мо муаммо буд.
Шояд ўро мақсаду мароми дигаре дар дил буд…
Ё...
Ў боварии куллӣ дорад, ки дер ё зуд мо то ба ў ҳам мерасем ва илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ гуфта худаш занг зад.
Аҷиб, ки чаро худи Бонози Даврон тайи ду суҳбати бо ман дошта боре ҳам ба забон наовард, ки шавҳараш нияти аз ў ҷудо шудан дошт.
Дар ин бора ман ҳатто ба ў суол намудам, ки шояд шавҳараш ба ҷуз ў…
- Намедонам. Барои чунин андеша ман ягон асосе надоштам. Ҳамагон шоҳид, ки мо орому осуда зиндагӣ мекардем…
Ин суханонро ман аз забони ҳамсари қонунии Сафо Боқӣ ҳангоми бори аввал ба хонааш рафтан, яъне як рўз пеш аз ҷанозаи шавҳараш, шунида будам.
Бубин, ў ҳатто аз тафтишот сирри оилаашро ниҳон дошт, вале шавҳараш асрори ниҳоии оилаи хеш бар дигаре бикушод. - Пас ў кист?
- Албатта, ҳамон нафарест, ки бандаро аз он асрори ниҳон огоҳ кард.
- Сабаб?
- Шояд ў дар нисбати мо дар бораи оилаи Сафо Боқӣ маълумоти бештаре дошт ва ё…
- Шояд дар марги оне, ки асрори ниҳони хонадонашро баҳри ў арзонӣ доштааст, ҳамсари қонуниашро гунаҳкор медонад. Агар чунин аст, ў марги Сафо Боқиро ба дил ниҳоят наздик қабул намудааст.
- Ба кадом хотир?
- Гўё намедонед, нидо омад аз ғайб.
- Чиро?
- Ки марду зани бегонаро чӣ ба ҳам пайваст мекунад?
- Шояд онҳо дӯст буданд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор