Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Ў бо Хушнуд Замир дӯст буд, вале худ аз забони муҳосиби сӯзанхӯрда шунидӣ, ки қимати он дўсти чӣ боре овард.
- Набошад муҳаббат.
- Ҳаминаш ба мантиқ наздиктар аст.
- Пас чаро ў ному насаби хешро нагуфт?
- Ному насаби ўро ҳамсари қонунии Сафо Боқӣ ҳам медонад.
- Чӣ хел медонад?
- Ҳамин хел одӣ.
- Пас чаро Бонози Даврон дар ин бора чизе нагуфт?
- Ў нағз медонад, ки чунин амал баробари теша ба пой хеш задан аст.
- Чӣ ҷойи тарс, охир на ў, балки шавҳараш муҳаббати вайро поймол намудааст ва аз пайи дигаре рафтанӣ шудааст.
Дар чунин мавридҳо ҳатто қонун ҳам ба тарафи ўст, ин ҷо бошад, ў ба бозиҳои пасипардагии шавҳар муросо намуда, ҳатто ному насаби нафареро, ки шавҳарашро аз ў нияти рабудан дошт, пинҳон медорад.
“Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам?”49 - шунидам нидои қалби хеш. - Таърих ҳам чунин ҳодисаҳоро дар ёд надорад. Дили занҳо ниҳоят ҳассосанд ва ҳаргиз нафареро, ки дар муҳаббат садди роҳашон гаштааст, намебахшанд.
- Бовар намекунам, - қариб ки бо овози нимшунаво гуфтам ман.
- Ба чӣ?
- Аз он ки Бонози Даврон умуман дар бораи мавҷудияти маҳбубаи ҳамсараш хабар дошта бошад.
- Далел мехоҳӣ?
- Албатта.
- Сафо Боқӣ дар бораи ба Ҳисор рафтанаш ба ҳамсараш лаб накушода буд.
- Пас чаро ў чунин гуфт?
- Сафо Боқӣ дӯсташро огоҳ намуда буд, ки ба Ҳисор меравад.
- Пас Бонози Даврон дар ин бора аз куҷо хабар ёфт?
- Аз забони дӯсти шавҳараш, аз забони марде, ки ба қавли Хусрави Раҳим чун гург дар ҷомаи меш буд.
49 Сухан аз Ҳофизи Шерозӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор