Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Дар он шакле, ки мо мехостем, рамз кушода нашуд, шояд ҳангоми пайваст намудани рақамҳо банда дар куҷое ба хато роҳ дода будам ё амсоли ин. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб гардидаву мавҷи хаёлотам боз ба дуриҳои дур парвоз кард...
“ -Рафиқ сарбоз!
-Сарбозӣ қатори Абдумаҷидов!
-Рамзкушоён радиограммаи қабулнамудаи худатро кушода натавонистанд, - матни қабулнамударо бо иловаи лисони аз дасти шифровалчикҳо чун далели шайъӣ оварда, болои мизи ҳуҷраи алоқа гузошта гуфт командири взводи алоқачиён лейтенанти калон Юрий Дмитриевич Тимошенко ва аз дар баромад...
Чунин ҳолат бори аввал ҳам набуд, ки кадоме аз рақамҳо бо гуноҳи банда ва ё бо гуноҳи нафаре, ки радиограммаро ирсол намуда буд, кушода намешуд, вале дар ҳама ҳолат рамзкушоён аз рӯи қисмати аввали радиограмма, ки аз панҷ калимаи Анна ва панҷ калимаи Дмитрий иборат буд, чунин менавиштанд:
“Ба ҳамаи командирони қисмҳои ҳарбӣ...
Ва банда дигарбора бо штаби дивизия ба алоқа баромада радиограммаи қаблан қабулнамударо, ки кушодани он ба рамзкушоён даст надода буд, мавриди санҷиши дақиқ қарор дода, боз онро дубора ба дасти мутахассисони касбӣ, ки чун фолбин аз кори ғайб огоҳӣ доштанд, месупоридам...”
-Хайр чӣ кор мекунем? - пурсид муфаттиш ва бо ин амалаш мавҷи андешаҳои дар “парвоз” будаи бандаро ба замин овард...
Мисли оне ки ба нафарони аз парашют паридаистода тавсия медиҳанд, ки набояд дар лаҳзаи охирини ба замин наздикшавӣ49 ба поён нигаранд ва имкон диҳанд, ки фурӯдои
49 Лаҳзае, ки то замин расидан камтар аз 40 метр мемонад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо