Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ҳамин лиҳоз, гумон мекунам, шояд ҳамсуҳбататон ба эҳсосот дода шуда, ба чунин хулосаи беасос омада бошад?
-Шояд, вале банда ба суханонаш бовар кардам, барои ҳамин гуфтам на ҳар кӣ дар соли саг ба дунё меояд, чун он ҷонвари безабон, ки ба вафодориаш касе шубҳа надорад, дар муҳаббат вафодор мемонад.
-Чандсола буданашро ҳам намедонистам, вале моҳе пештар вай аз ман пурсид, ки Сабо ту чандсолаӣ? Гуфтам бистусесола. Хонум гуфтанд, ки аз ман як мучал хурд будаӣ.
Пурсидам: Мижгон-апа мучали шумо чист? Гуфт: саг ва боз илова намуд, ки сагҳо ҳама вафодоранд ба ҷуз ман ба ёд овардам суханони Сабоҳати Комилро ва гуфтам:
-Гургро ҳар қадар парвариш накунед, ӯро нигоҳ ба беша аст.
-Гуфтаниед, ки дар муҳаббат ӯ ба шавҳараш содиқ набуд.
-Кӣ медонад, ин ҳама тахмин аст.
-Ҳеҷ боварам намеояд, ки бе далел ва ё таҳлили аниқ чунин каломро ба ёд овардед.
-Таҳлил ҳамон аст, ки аз забони шумо шунидам ва чун ба суханатон бовар намудам, хулосаи хешро дар атрофи рӯзгори бонуи дунёи фониро падруд гуфта баён намудам.
-Хоҳиш мекунам, маро дар вазъи ногувор нагузоред.
-Пас агар чунин аст, мегуфтед, ки чаро ҳамсуҳбати шумо аз Мижгони Файз домангир аст ва эшон ҳодисаро чӣ гуна шарҳ дод?
-Ҳамааш ҳамин ҷо, - гӯён муфаттиш аз сумкачааш диктофони хурдакакеро бароварда, болои мизи ман гузошта гуфт: - Ҳатто баъди рафтани ҳамсуҳбатам худам дар танҳоӣ сари гуфтаҳои эшон хеле майна об кардам, вале ба хулосае омада натавонистам. Чун шом фаро расида буд, хостам ба хона равам, вале нигоҳам ба соати боло рду аз райъам гаштам. Ақрабаки соат ҳангоми аз бинои прократура баромаданам 17.25 дақиқаро нишон медод ва баъди 15 - 20 дақиқа ба дари дафтари кории шумо ангушт задам. Мегӯянд, ки ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд ва хоҳиш мекунам як маротиба рафти суҳбати имрӯзаи моро гӯш намуда, ягон маслиҳат диҳед...

пешина
аз 527
навбатӣ