Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

ногаҳонӣ сурат гирад, банда низ муддати камтар аз даҳ сония хомӯш мондам.
-Рафиқ майор, чӣ бояд кард? - дубора каломи аввалаашро бо каме тағйирот ба самъи банда расонида гуфт муфаттиш.
-Кори шаб хандаи рӯз. Биё, беҳтараш ба хона меравем.
Ба замми ин, аз эҳтимол дур нест, ки баъди се - чор соат Бобои барфӣ ва Барфак бо “туҳфаҳои” хеш ба дари манзиламон ангушт назананд. Шуморо - ку намедонам, вале банда намехоҳам чунин як имкониятро аз даст диҳам, - гуфтам ман ва диктофонро ба дасти мусоҳибам доданӣ шудам, вале сарвари гурӯҳ гуфт, ки ба хона бурдани он маъние надорад ва аминам, ки шумо аз мо дида пештар ба кор мебароед ва шояд боз як маротибаи дигар онро гӯш намоед.
-Бошад, - гуфтам ман ва диктофонро ба сейф гузошта аз ҷои бархестам...
Дар оғӯши шаб ману Фурӯғи Шариф каме ҳам бошад, қадам зада, то ба истгоҳ омадем. Муфаттишро гусел намуда, худ ба самти муқобили роҳ гузашта, ба автобус нишастам.
Кори хона ба бозор рост намеояд, гуфтагӣ барин, дар атрофи суҳбати муфаттиш ва дарбони клуби ҳавонавардони ҷавон, ки рози дили хеш ба ҳамсуҳбати наваш кушода буд, банда на он шаб ва на рӯзи дигараш имкони ба таври бояду шояд андеша намуданро наёфтам. Шояд сабаби асосии чунин “хунукназари” - и банда он буд, ки дигар мо, агар бисёр ҳам мекӯшидем, парвандаи ҷинои рақами 519-ро то фарорасии соли нави мелодӣ кушода наметавонистем. Ба замми ин, ду рӯзи аввали соли нав ҳамчун рӯзҳои истироҳат эълон шуда буданд ва ба гумон буд, ки муфаттиши прокуратура ба кор барояд ва боз кӣ метавонад, дар иҳотаи фарзандон, ки ҳама омад - омади соли навро интизорӣ доранду шодию сурур дар хонадон танинандоз гаштааст, бо “ғамҳои” коргоҳ сари андеша нишинад...
-Ана дадаҷонам ҳам омаданд! - баробари кушодани дар “бонги хатар” зад Абдумаҷид ва бандаро ба оғӯш гирифт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо