Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Хайрият омадед, вагарна бачаҳоят ҷои нишастанашонро намеёфтанд, - аз ошхона ба истиқболам баромада гуфт Наталя Василевна.
-Эҳтимол дуои шумо мустаҷоб шуду бандаро ба гурӯҳи фаврӣ - тафтишотӣ шомил накарданд.
-Маълум мешавад, ки дар милиса ҳам эҳтироми мӯйсафедонро ба ҷо меоранд, - гӯён модари Абдумаҷид палтоямро ба либосовезаки пушти дар овехта, худамро чун ҳама меҳмонони олиқадр рост ба меҳмонхона бурд, то чӣ тавр оро додани арчаи солинавиро бароям нишон диҳад.
-Далер канӣ?
-Чӣ хеле мебинед, ӯ дар хона нест.
-Дар ин нисфи шаб вай дар куҷо мегардад?
-Акнун Далер бачаи хурд нест ва каме пештар аз омадани худат ҳамроҳи Наргис ба тамошои арчаи солинавӣ рафт, - гуфт Наталя Василевна, лекин ин дафъа дар суханрониҳои ҳамсар банда каломеро, ки аз он бӯи шиква ояд, ҳис накардам...
-Охир ӯ хонандаи мактаби миёна аст, чаро садди роҳаш нашудӣ?
-Дили бача парвозӣ, муштоқи ишқбозӣ, - гӯён ин дафъа модар бори аввал ба ҳимояи писари шабгардаш дасту остин барзаданӣ шуд.
-Метарсам, ки бо чунин шабгардиҳо ба сарамон ягон балоеро наорад, - нигоҳамро ба сӯйи ҳамсар дӯхтам, вале дар он чашмони бо гузашти солҳо маҳзун ба ҷуз табассуми зебо, ки худ як нишонае аз розигии модар ба қисматаш буд, дигар ҳолатеро пайдо карда натавонистам. Ҳарчанд модари Далер каломе ба забон наовард, вале нигоҳи пур аз меҳраш ифодакунандаи ҳолати ҳамонлаҳзаинааш буд, ки шояд чунин маъно дошт: “Эй бехабар, аз сӯхтану сохтанӣ. Ишқ омаданӣ аст, на омӯхтанӣ”...
-Далер ҳамроҳи Наргис ба тамошои арчаи калони солинавӣ рафт, ҳамин аст қонуни зиндагӣ аз рӯйи талаботи биологӣ. Аз рӯйи ҳамин талабот шояд Далер ҳам барои хеш ҳамрозу ҳамдамеро ҷӯё шудааст, то дар “кӯчабоғи ошиқон” паҳлуи нафаре қадам гузорад, омаданашро интизор шавад ё худат аллакай ҳамон рӯзҳоро аз ёд баровардаӣ?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо