Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • гӯфт Наталя Василевна ва шояд ба хотири аз пурсуҷӯи беохир дар атрофи фарзанди шабгардаш раҳо ёфтан аз натиҷаи кори хеш дар оро додани арчаи солинавӣ, ки дар зимистон ними меҳмонхонаро ба баҳор табдил дода буд, пурсон шуд.
    -Бад не, - гуфтам ман, вале чунин тарзи баҳодиҳи ба бонуи хонадонам писанд наомад ва талаб намуд, ки барои заҳматҳои кашидааш аз рӯи меъёрҳои мактаби миёна баҳогузорӣ намоям. Дар ҳамин лаҳза аз даврони талабагӣ ҳодисае ба ёдам омаду онро барояш арзонӣ доштам.
    -Ҳангоми дар мактаби миёна хондан устод Давлат Шариф (илоҳо равонаш шод бод) моро аз фанни “Ботаника” дарс медод. Муаллим ниҳоят марди ҳалиму меҳрубон, вале дар баҳогузоштан серталабу сахтгир буд, - гуфтам ман ва лаҳзае ҳам бошад, муҳри хомӯшӣ ба лаб гирифтам.
    -Чӣ гап шуд? Чаро ба даҳон об гирифтӣ? - маро аз банди андешаҳо берун оварданӣ шуда гуфт модари Абдумаҷид.
    -Ҳа, дарвоқеъ, чун мо назди тахтаи синф баромадаву аз дарси гузашта маълумот дода, то андозае ба саволҳо ҷавоб медодем, устод мегуфт:
    -Барои ин ҳама заҳматҳои кашидаат ва таваҷҷуҳат ба фанни “Ботаника” агар ба ту баҳои 3 гузорам, ҳаққи худат меравад, агар баҳои 4 гузорам ҳаққи ман меравад, аммо бигузор ҳаққи ман равад ва бароят як баҳои минуси 4 мегузорам.
    -Чаро минуси 5 не?
    -Гуфтам, - ку муаллим марди ниҳоят серталаб ва сахтгир буданд.
    -Донистан мехостем, ки ин ҳама заҳматҳои моро чӣ тавр баҳогузорӣ мекунед?
    -Баҳои баландтарини устод ҳамон минуси 4 буд, пас чӣ тавр ман метавонам...
    -Шуд, шуд, - гӯён Наташа ману Абдумаҷидро дар меҳмонхона гузошта, ба қавле бо қошу қавоқи гирифта, боз ба ошхона рафт...
пешина
аз 527
навбатӣ