Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд гирди дастурхони пурнозу неъмат мо соли нави мелодиро пешвоз гирифтем, вале набудани Далер эҳсос мешуд ва дар интиҳо ӯ қарибиҳои субҳи содиқ ба хона омад...


Чун пеш аз оғози соли нав дар тамоми мақомоти корҳои дохилии кишвар реҷаи кории 30 % муқаррар карда шуда буд, субҳи рӯзи 2 январ ман ба коргоҳ омадам. Ҳарчанд баъди чунин ҷашнвораҳо худро яку якбора вориди маҷрои пуртуғён, ки номаш кор аст, намудан душвор аст, вале ваколати касбӣ тақозо мекард, то сари масъулияти ба душ дошта андеша намоям. Ҳамаи инро шояд сабаби дигаре низ буд, ки аз хурдӣ ба ҷуз суруди алла, ки дар ҳар сатраш ҳазорон навозиш аст, ба гӯши банда каломеро, чун “кор рӯсурхии инсон аст,” “меҳнат шараф аст,” “аз одами бекор ҳама безор” чун калимаи шаҳодат талқин намуда буданд.
Баробари вориди бинои милиса шудан ва салому табрикоти солинавӣ бо чанде аз ҳамкорон, ба дафтари кориам рафтам. Албатта, дар чунин рӯзҳо ба ҷуз таъмини оромию осоиши мардум, дигар касеро гузаронидани ҳамоишу маҷлисҳо ба сар нахоҳад омад ва дар чунин ҳолатҳо аз ҳисоби нафарони ба эҳтиёт даъватшуда50 тартиботи ҷамъиятиро ба низом хоҳанд даровард. Дар чунин ҳолатҳо бекор нишастану сафарбариро интизор шудан маъние надошт ва ман дубора диктофони ба амонат гузоштаи муфаттишро аз сейф бароварда, тугмачаашро зер намуда, тахминан 70% лентаашро ба ҳолати аввала баргардонда, бо пахши тугмачаи дуюм онро ба кор андохта, гӯш ба қимор шудам.
“-Шумо, ки худ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ солҳои зиёд, кору фаъолият доштед, бояд дарк намуда бошед, ки ҳама гуна ҷаҳиш аз парашют фоизи муайяни хатарнокии хешро дорад.
-Ҳаёти ҳар яки мо чун ашки сари мижгон аст, ва касе ба гушаи хотир оварда наметавонад, ки баъди як лаҳза чӣ мешавад. Ин ҳолат дар адабиёти классикии мо хеле моҳирона ба риштаи тасвир кашида шуда, онро дар чунин шакл барои ояндагон ба мерос гузоштанд:

50 Аз ҳисоби онҳое, ки ба ҳайати гурӯҳи 30% шомил буданд.

пешина
аз 527
навбатӣ