Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Як қадам роҳ аст Бедил, аз ту то домони хок, Дар сари мижгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош.
-Қабул, вале ба ҳар ҳол бояд эътироф намуд, ки таваккал кардан дар чунин намуди варзиш чун ҷаҳиш аз парашют бештар аст.
-Ҳарчанд ман чун Тоҳир (равонаш шод бод) дар варзиши парашютӣ меъёри устоди варзишро ҳимоя накардаам, вале аз рӯи касби интихоб намудаам ҳолатҳои аз парашют ҷаҳиданро ба хотир оварда метавонам. Аслан банда чандон майле ба ин шуғл ҳам надоштам, вале интихоби касб худ тақозо мекард, ки аз ҳамсабақонам қафо намонам. То кунун лаҳзаҳои аввалини ҷаҳиш аз парашют аз лавҳи хотирам зудуда нашудааст. Баъди машқҳои чандинкарата мо ин амалро дар тренажёрҳои махсус ҷиҳозонидашуда иҷро намудем, дар назди тайёраи АН - 2 саф оростем. Инструктор бори дигар таъқид намуд, ки муваффақияти аввалин дар ин намуди варзиш ин хоҳиши инсон аст ва сипас ёдрас намуд, ки чӣ амалҳоеро ба ҷо оварданамон лозим...
-Шояд ҳодисаи ба сари бародаратон омада низ қисме аз сарнавишти ӯст?
-Дар ин бора баҳс намекунам, вале кушода нашудани парашют бе “ёрии “ дигар кас рух надодааст. Маҳз ҳамин ҳолат бояд мавриди санҷишу таҳлили мақомоти тафтишотӣ қарор мегирифт, вале онҳо ба ҳамаи ин аз паси панҷа нигоҳ карда, ҳодисаро тасодуфи арзёбӣ намуданд.
-То андозае, такрор мекунам то андозае, банда ҳамфикри шумо мешудам, агар собит мекардед, ки ба кадом мақсад нафаре чунин амали душманонаеро ба бародари шумо раво дид?
-Баъди бозгашт аз Федератсияи Русия, Тоҳир дар шаҳри Саратов, дар аэроклуби “Дубки” ба номи Ю.А. Гагарин аз рӯи ҷаҳиш аз парашют бо тарзи тандем51 меъёри устоди варзишро ба ҷо оварда буд, вале чун ба рухсатии меҳнатӣ омад, шояд тасодуфан бошад, дар кадом маҳфиле бо
51 Тандем –дар шакли дукаса иҷро намудани амале. Яъне, ҷаҳиши дунафара бо як парашют.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо