Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мижгони Ҳамроҳ шиносоӣ пайдо намуд ва тири муҳаббати донишҷӯдухтар он қадар қалби вай бишикофт, ки дигар майли бозгашт ба Русияро накард ва чанд муддат пас ҳамроҳи ҳамон донишҷӯдухтар ба клуби ҳавонавардони ҷавон рафта, ба ин шуғли хатарнок даст зад ва дар як муддати кӯтоҳ маъшуқааш низ меъёри устоди варзишро ба ҷо оварда, ситораи ВАО гашт...
Маҳз ҳангоми тамринҳо дар клуби ҳавонавардони ҷавон ӯ бо як қатор пешниҳодҳои ҷолиб, ки аз таҷрибаи ҷаҳонӣ гирифта шуда буданд, диққати Кумитаи варзиш - ро нисбат ба амали сарварони клуб, ки моликяти собиқ ДОСААФ-ро52 - ро чун моли падарашон бо дастраси “Қонун дар бораи хусусигардонӣ молу мулки давлатӣ” бо нархи ночизе ба моликияти хусусӣ табдил доданд, бедор кардан хост, бехабар аз он ки чунин пешниҳодҳо боиси ранҷиши онҳое мегардад, ки то он лаҳза касе пишакашонро пишт нагуфта. Ин ҷо бошад кадом як “дӯстдори экстрим” аз ким - куҷо омадаву дар кори клуб роҳу равиши хешро ҷорӣ кардан мехоҳад.
-Аз рӯйи нақли шумо ягон асосеро барои қасд ба ҷони бародаратон надида истодаам.
-Чӣ, ман бо забони хитоӣ гап задам, ки шумо нафаҳмидед. Манзури банда он аст, ки соҳаи варзиш хусусан варзиши парашюти маблағи ҳангуфтро талаб мекунад ва барои баровардани варзишгар ба сатҳи ҷаҳонӣ набояд ягон маблағеро дареғ дошт. Барои ин ба ҷӯз истифодаи бештари тайёраи АН - 2, ки ҳар парвози он маблағи калонро талаб мекунад, боз хариди тайёраҳои замонавӣ, ки аз баландии то 5000 метр имкони партофтани гурӯҳи бештари парашютчиёнро дорад, ба ҷои хариди парашютҳои Д - 6 ва Д

  • 10, ки солҳои 70 асри гузашта дар қӯшунҳои десантии собиқ СССР истифода мешуданд ва то 12,5кг вазн доштанд, харидорӣ намудани парашютҳои ҳозиразамон, ки вазнашон аз сумкаи талабагӣ беш нест53 ва ҷо ба ҷо намудани парашют дар ду сексияи он пеш аз парвоз ба маротиб осонтар аст, худ

52 ДОСААФ -Ҷамъияти ихтиёрии мададгори армия,авиатсия ва флот.
53 Нархи чунин як парошют то 6000 доллари амрикоист як нишонае аз беҳбудии кор мешавад, ва ҳамаи ҳамин норасоиҳоро худораҳматӣ Тоҳир борҳо ба самъи роҳбарияти Кумитаи варзиш расонида, бехабар аз он, ки сухани ноҷо сари сабзро ба бод медиҳад...

пешина
аз 527
навбатӣ