Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Охир иҷроиши ҳама пешниҳод ҳатми нест ва албатта роҳбаряти Кумитаи варзиш ба бародари шумо гуфтагист, ки “обро бину мӯза каш” ва мо дар айни вақт имкони хариди ягон намуде аз пешниҳодҳои шуморо надорем. Дар ин самт шумо ҳам бояд фаҳмед, ки дар ҳаракатҳои масъулини собиқи клуби ҳавонавардони ҷавон ягон қонуншиканӣ нест, чунки хусусигардонӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷаг мешуд.
-Гап дар сари танҳо пешниҳоди одӣ намеравад. Чун пешниҳоди Тоҳир борҳо аз тарафи ҳайати роҳбарикунандаи клуб рад карда шудааст ӯ дар ин бора андешаҳои хешро ба Кумитаи варзиш, ки як ҷузъи сохтори Ҳукумат аст, пешниҳод намудааст хусусигардонии клубро ғайриқонуни ҳисобида барои манфиати кор дар соҳаи варзиш бозгардонии онро дар шакли аввалааш талаб намудааст. Эҳтимол ин амали вай ба садрнишинони саҳмиядор хӯш наомадааст ё ба пиндори шумо чунин ҳолат боиси нигаронӣ шуда наметавонад?
-Дар ин бора аз тарафи Кумитаи варзиш чӣ вокунише шудааст?
-Ягон хел вокуниш нашудааст.
-Боварам намеояд.
-Ҳамин аст хатои ҳамаи онҳое, ки ба суханони банда низ бовар накарданд. Дида истодаам, ки шумо нисбат ба дигарон ба суханони банда бештар таваҷҷуҳ намуда истодаед. Аз ҳамин лиҳоз шуморо бовар мекунонам, ки агар он мактуб ба дасти ҳукуматдорон мерасид, албатта, сари ин масъала чорае меҷустанд, вале ҳайҳот ки чунин нашуд ва мактуб бо кадом роҳе ба дасти худи роҳбарияти клуб расид ва онҳо илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ гуфта, кӯшиш ба харҷ доданд то онеро, ки клубро ба ҳолати аввалааш баргардонидан мехоҳад, аз саҳнаи “муҳорибаҳо” дур намоянд. Барои ҳамин чизи одиро фаҳмидан ягон намуди дониши иловагӣ ҳам лозим нест ва кам нестанд ҳолатҳое, ки баъзан мансабдорони кӯрнамак, ки бо арзу шикояти шаҳрвандон сару кор доранд, аз рӯй тамаъҷӯиашон мактубҳоро ба худи гунаҳкорон мефӯрушанд, ва аз оқибати фоҷиабори он андеша намекунанд.

пешина
аз 527
навбатӣ