Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Бовар намекунам, охир чӣ тавр метавонад мактуб ба суроғае, ки ҳамагон чун маъбад ба он менигаранд ва аз он ҷо адлу инсофро ҷӯё мешаванд, нарасад?
-Чӣ тавр, чӣ тавр? Ҳамин хел одӣ ва гумон насозед, ки дар он маъбад ҳама фариштаю авлиёҳо нишастаанд. То ба дасти ҳукуматдорон расидан он мактуби бечора аз даҳҳо дасти дигар мегузарад ва албатта кӯрмуше дар он коргоҳ будагист ва маҳз чунин нафарон манфиати шахсиро аз ҳама оинномаи коргоҳ боло медонанд ва баъди шиносшавӣ бо мактубҳои шикоятӣ, ки метавонад гунаҳкорро аз мансабу вазифа дур намуда, ҳатто то ба курсии ҷиноят барад, бо гунаҳкор алоқа барқарор намуда, эшонро аз оқибати ногувори он огоҳ месозад. Нафаре, ки гуноҳи хешро дарк месозад, баҳри ба даст овардани он мактуби зормонда талошҳо менамояд ва иброз медорад, ки агар эшон чорае андешанду ӯро аз ин варта берун оранд, тамоми умр ғуломи ҳалқабаргӯшашон хоҳад шуд ва он кӯрмуш ҳам ҳиссаи хеш гирифтаю ба “корафтода” - и бечора хизмат мекунад. Иштиҳо дар зери дандон гуфтанд ва чун он мансабдори бевиҷдон як маротибаю ду маротиба бо чунин роҳ ком ширин кард, дигар ӯро роҳи бозгашт намемонад ва дар асоси талаби хоҷагонаш кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ягон номаи шикоятие аз болои хоҷагон аз паҳлуи вай гузашта, ба дасти ҳукуматдорон нарасад. Ман ҳайронам, ки чӣ тавр шумо соҳиби чунин мансаб шудаю аз чунин корҳои зишт хабар надоред. Оё намедонед, ки арзу шикояти мардум куҷо мешаванд ва чаро раисони ноҳия новобаста аз ҳама камбудиҳо ҳеҷ аз курсии мансаб намераванд?
...
-Чунки раисон ҳам дар шуъбаи арзу шикояти меҳнаткашон одамони бовариноки хешро доранд ва ҳамон нафарони “дидадаро” кӯшиш мекунанд аз болои раисоне, ки зиндагии онҳоро низ ба душ гирифтаанд, шикояте ба боло наравад. Шумо бояд фаҳмед, ки ҳама корро пул ҳал мекунад ва онҳое, ки пули калон доранд, ба ҳама кор қодиранд ва нишонаи ин амалро ман дар рафтори минбаъдаи худи онҳо дарёфтам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо