Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Шумо гумон доред, ки бандаро аз авиатсияи калон ҳамин хел барои ҷароҳатҳои дар садамаи автомобилӣ бардоштаам пеш намуданд?
- Шумо худ гуфтед, ки баъди садамаи автомобилӣ дубора аз ташхиси тибби гузаштед ва вазъи саломатиатонро барои дар авиатсияи калон кор кардан ғайриимкон шумурданд.
-Ин ҳамааш дар мадди аввал ҳамин хел орому сокит ба назар мерасад. Воқеан, дар он ҷое, ки пул ҳалкунандаи ҳамаи муаммоҳо мегардад, дигар дар бораи адлу инсоф сухан гуфтан маъние надорад, дигар некро аз бад, ҳаромро аз ҳалол касе фарқ намекунад. Дар чунин муҳит шайтони алайҳилаъна мунису маслиҳатгари онҳое мегардад, ки пойбанди нафс гашта, бо роҳи бедарди миён дарёфтани ин коғази қиматнокро кашф намудаанд. Нафси бадро бошад, ҳар чӣ сер ва дар гуноҳ кардан далераш мекунад. Аминам, ки каме ҳам бошад, шумо мақсаду мароми маро фаҳмидед?
-То андозае, вале банда дуруст фаҳмида натавонистам, ки чаро шумо аз авиатсияи калон рафтанатон - ро ба ҳодисаҳои ба сари бародаратон омада нисбат медиҳед?
-Ҳарчанд ману Тоҳир дугоник ҳам набудем, вале меваи шохи як дарахт будем. Ҳамагон медонанд, ки ҳангоми афтидан меваҳои як шох аз ҳамдигар дур намеафтанд. Чун банда ҳодисаи ба сари бародар омадаро ҳеҷ таҳаммул карда натавонистам, барои рӯшанӣ андохтан ба он баъзе талошҳо намудам. Шояд он садамаи автомобилии ба сарам омада низ чун огоҳномае аз ҷониби онҳое буд, ки банда барояшон коҳи кӯҳнаро бод кардан хостам. Чун “амалиёташон” чандон бобарор анҷом наёфт ва зинда мондам, онҳо дубора ба такрори он ҷуръат накарданд ва руҳамро шикастан хостанд.
То андозае ин кор ба онҳо даст дод ва маро аз сафи ҳавонавардон бо баҳонаи корношоямӣ аз авиатсияи калон хориҷ намуданд.
-Шумо гуфтед, ки мактуби таҳлилии бародаратон, ки ба Кумитаи варзиш фиристода шуда буд, ба дасти масъулини кумита ё ба истиллоҳ ҳукуматдорон нарасидааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо