Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунин мактубҳоро, албатта, бе нусха намефиристанд. Агар чунин аст, канӣ нусхаи ҳамон мактуб?
-Албатта, ба суханони банда бовар намудан душвор аст, вале он мактубро ман худам хонда, сипас бо хоҳиши Тоҳир бурда, ба таври “заказной”54 ба шуъбаи 25 - уми алоқа супоридам. Нусхаи он дар дасти Тоҳир монд ва пас аз маргаш ҳам ман кӯшиши онро дарёфтан намудам, вале мутаассифона, онро наёфтам. Маҳз наёфтани ҳамон нусха сабаб гардиду дар ниҳоди банда нисбат ба маъшуқаи бародарам, ки то он лаҳза ҳам гандумнамои ҷавфӯруш буданашро медонистам ва Тоҳирро ҳам дар ин бора огоҳ намуда будам, андешаҳои мухолифе сар зад.
-Барои кунҷи нигоҳи тафтишотро ба самте равона сохтан далелҳои раднопазирро пеш оварданатон лозим меояд ва модоме ки чунин далелҳо шуморо дар даст буд, пас чаро дар ҳамон вақт аз “бозиҳои” пасипардагии Мижгони Ҳамроҳ ба тафтишот хабар надодед?
-Хабар додам, вале кани гӯши шунаво? Дарвоқеъ, тафтишот бе омӯзиши дурусти ҳолатҳои кор ҳодисаи мазкурро тасодуфан арзёбӣ намуда, санҷиши минбаъдаи онро дар истеҳсолот қатъ намуд. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Ҳазрати Азроилро чӣ парвои бачаи мардум” ва онҳоеро, ки давлат барои қилро аз хамир ҷудо намудани иҷрои чунин амалҳо ваколат додааст, роҳи осонтарини корро ҷустуҷӯ намуда, ба қавле ваколати ба зимма доштаашонро осонакак анҷом доданд. Дар чунин корҳо баъзе аз ҳомиёни қонун устухон надоранд ва агар лозим шавад, худи мурдаро тарзе гунаҳкор мекунанд, ки дигар то қиёмат “гуноҳҳояш” шуста нашаванд. Онҳо аз худи Мижгони Ҳамроҳ қариб, ҷабрдида тарошиданд, ки гӯё ӯ нафареро аз даст додааст, ки ба хотири пос доштани муҳаббат чунин як амали хатарнокеро пешаи кори хеш қарор дода. Бояд зикр намоям, ки баробари ба тайёра нишастан, инструктори парвоз бояд назора намояд, ки парашютчӣ ду қоидаро риоя намояд. Сараввал, ба хотири

54 Заказное письмо – мактуби фармоишӣ.

пешина
аз 527
навбатӣ