Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

бехатарӣ пеш аз ҷаҳиш карабини55 парашютро ба стопор56 насб намояд ва сипас ҳалқаи эҳтиётиро ба даст гирад ва онро то ба замин расидан аз дасташ раҳо накунад. Ин ба ҳамон хотирест, ки баъди ҷаҳиш аз тайёра стопор ба ҳаракати минбаъдаи карабин монеа эҷод мекунад. Маҳз ҳамин ҳолат аз рӯйи вазн боиси кашиши парашют дар стопор мегардад ва гунбази абрешимин болои сари нафари аз тайёраҷаҳида ба таври автоматӣ кушода мешавад. Дар ҳолати кушода нашудани парашюти асосӣ, ки гунбази он 9 метри мураббаъро дар бар мегирад, шахси дар ҳолати парвоз қарордошта бояд ҳалқаи дар дасташ бударо бикашад ва бо ин васила парашюти эҳтиётӣ, ки гунбазаш 10 метри мураббаъ аст, кушода мешавад. Дар ин бора ман борҳо ба мақомоти тафтишотӣ навиштам, ки чаро аз рӯйи нақшаи парвоз дар ҳамон рӯзи наҳс Мижгони Ҳамроҳ ба клуби ҳавонавардон ҳозир нашуд, ҳол он ки он рӯз дар даври дую ӯ ва бародари ман Тоҳир бояд пеш аз сафар ба чемпионати Аврупо, ки дар аэродроми “Пущино”57баргузор мегардид, аз баландии 4000 метр ҷаҳиши тандемиро анҷом медоданд ва ин охирин ҷаҳиши озмоишии онҳо дар самои диёр буд.
-Гуфтаниед, ки баъди он ҳодиса ягон варзишгар ба “Пущино” нарафт?
-Албатта, барои чунин озмунҳо чанд ҷуфтро тайёр мекунанд ва аз эҳтимол дур нест, ки ба он ҷо ҷуфтҳои дигари эҳтиётиро нафиристода бошанд. Ин ҳамааш андешаи ман аст, танҳо андеша чунки дар он шабу рӯз дарду ғами моро интиҳо набуд, вале таҷриба чунин ҳолатро тақозо мекуна
55 Карабин – чангаки механикӣ, ки ба ресмони қисми болои халтаи парашют пайваст шудааст ва ҳамин чангакро ба стопор меандозанд ва ҳангоми ба поён ҷаҳидани парашютчӣ, дар қисмати охири стопор монеа эҷод шуда, кашиш ба вуҷуд меояд ва парашют ба таври автоматӣ кушода мешавад.
56 Стопор – маънои техникиаш тамба. Дар ҳолати мазкур ба кор ишкел андохтан, ба пешрафти кор монеъ шудан.
57 Пущино - аэродроми муҷаҳҳазгардонидашуда дар наздикии шаҳри Москва оид ба ҷаҳиш аз парошют аз баландиҳои гуногун ва теъдоди гуногуни иштирокчиён дар “рақс”-ҳои якҷояи ҳавоӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо