Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Шумо бар он назаред, ки нусхаи он мактуб дар дасти Мижгони Ҳамроҳ монд?
-Мутлақо дуруст ва баъди чандин солҳо Мижгон қувваи онро дар амал санҷидан хост, бехабар аз он ки дар чунин мактубҳо ҷозибаи оташ ҳамеша боқист ва ҳамин ҳолат метавонад чун маводи кимёвӣ, ки бо гузашти солҳо кобилияти ҳимоявии хешро аз даст дода оташ мегирад, ба реаксия даромадаву озмоишгоҳро ба сари озмоишгар тарконад.
-Ба андешаи шумо, маҳз ҳамон нусхаи гумшуда боиси марги вай гардидааст?
“-Ман бо боварии том чунин гуфта наметавонам, вале нигоҳи шуморо ба ҳамин самт равона кардам. Он тарафаш ба донишу малакаи худи шумо вобаста аст.” Занги телефони дохилӣ садо дод ва ман диктофонро хомӯш карда, гӯшакро бардоштам.
-Рафиқ майор, ба қисми навбатдорӣ фароед, - хабар дод ёрдамчии навбатдор ва гуфтугӯро қатъ намуд...
Ҳарчанд дар рӯзи дуюми соли нав маҷлисе ҳам баргузор нагардид, қисме аз нафарони ба эҳтиёт даъватшударо барои нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ба гулгашту хиёбонҳо ва қасру толорҳои фарҳангу фароғатӣ фиристоданд...
Оғози рӯзи аввали корӣ дар соле, ки тақвимро акси вафодортарин ҷонвари рӯйи замин зеб медод, ба рӯзи 3 январ рост омад. Новобаста аз ҳама меҳрубониҳои ҷонваре, ки аксаш ҳам ҳазорон дилро тасхир мекард, нигоҳи ин ҷонвари вафодор ба дили сарварони мақомоти тафтишотӣ кора накард ва аз сари субҳ ҳар кадоми онҳо дар коргоҳи хеш барои дар сатҳи паст қарор доштани фоизи кушодашавии ҷиноятҳои ноаён аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин ба сари зердастон чормағз шикастанд. Аз рӯйи парвандаи нафаре, ки дар соли саг ба дунё омадаву аз бевафоияш ба Сабоҳати Комил рози дил намуда, имрӯз мо низ аз сарвари коргоҳ хеле гапҳои пасту баланд шунидем. Сипас, баъди он ҳама чормағзшиканиҳо, дар ҳоле ки ҳанӯз маҷлис анҷом наёфта буд, роҳбари идора маро ҳамроҳи Ҷомии Шариф боз ба прокуратура фиристод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо