Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Ҳарчанд чунин шакли кор ба мо писанд набуд, вале аз суханронии нафаре, ки ҳодисаро дар оғозаш тасодуфӣ пиндоштаву бандаро аз фурудгоҳ рост ба он ҷо фиристода буд, изҳори таассуфро дарёфта, аз гуфтани каломе ба ҳимояи хеш худдорӣ намудем. Дар давоми тамоми роҳ, то пеши бинои прокуратура, ману шогирд каломе ба забон наовардем, чунки ҳар яки мо сари андешаҳои хеш будем. То кунун суханони сарвари милиса, сухан ҳам амонат аст, дар гӯшам садо медоду садо...
Чун вориди бино шудем, сараввал ба дари дафтари кории муфаттиш Фурӯғи Шариф ангушт задем, то бифаҳмем, ки ин ҳама ҳолатро сабаб чист.
-Бадбахтиро дар якҷоягӣ бартараф намудан осонтар аст,- баробари моро дидан ба истиқболамон хеста гуфт муфаттиш.
-Нафаҳмидам.
-Соате пеш Раҳмон Маҳмуд ба сардори милиса занг зада омадани шуморо талаб, кард ва акнун, ки эшонро ба прокуратураи шаҳри даъват намуданд, тайёрам, ки дар бораи дастоварду камбудиҳоятон дар давоми ду соли охир пурсон шавам.
-Чаро ду соли охир? Мо ҳамааш шуда ҳамдигарро ду рӯз, дурусттараш се шабу ду рӯз боз надидаем, - гуфт Ҷомии Шариф.
-Дар ин бора, рафиқ майор, беҳтар медонад, чунки дар диёри эшон (муфаттиш бо ангушташ ба тарафи банда ишора намуд) чунин навъи солшуморӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
-Дар ин бора хабар надорам, - изҳори нигаронӣ намуда гуфт ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ.
-Кабк ҳамеша аз овози худаш ба дом меафтад. Ман боре дар маҳфиле сари як ҳолати кор дар зодгоҳам нақл намуда будам. Маълум ки бону Фурӯғ ҳамон нақлро дар назар дорад,
- гӯён ҳамон нақлро дубора ба самъи аъзои гурӯҳ расонидам...
...31 декабри соли 1952 як хаткашони почтаи ноҳияи Тавилдара бо супориши сардори почта рӯзномаю маҷаллаҳои давриро дар асп ба Сағирдашт бурдаву аз он ҷо рӯзи 3 январи соли 1953 баргашта, ба назди сардори почта даромада хостаст аз натиҷаи кораш ҳисобот диҳад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо