Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Чун моро то имрӯз назарияи дигаре ар ин самт дар даст нест, хоҳиш мекунам дар маҷмуъ онро бипазиред.
-Қабул ё рад намудани пешниҳоди шумо танҳо дар ҳолате имконпазир мегардад, ки лейтенанти калон Ҷомии Шариф аз натиҷаи корҳои ба зимма гирифтааш гузориш диҳад.
-Чӣ шумо дар як коргоҳ фаъолият намудаву чун ҳамон хаткашон аз соли куҳан то ба имрӯз ҳамдигарро надидед?- пурсид сарвари гурӯҳ.
-Ҳамин субҳ мо ҳама дар ҳузури сардори милиса будем, вале то кунун дар атрофи корҳои ба сомонрасондаамон сари суҳбат нанишастаем.
-Рафиқ лейтенанти калон, мо шуморо гӯш мекунем, гуфт муфаттиш.
-Ҳаракатҳои дуюми банда дар атрофи “хизматчии барқ”дар рӯзи охирини соли пешин чун ҳамон мақоли халқии “дузди зӯр соҳиби гов” - ро бастааст шуд.
-Яъне, Сабоҳати Комил воридшавии “хизматчии барқ”- ро ба бино инкор накард? - пурсид сарвари гурӯҳи тафтишотӣ.
-Инкор накард ва чун ман сабаби ҳамаи инро пурсон шудам, айнан чунин посух дод:
- Чунки шумо дар ин бора напурсидед ва банда аз куҷо медонистам, ки воридшавии корманди барқ ба бино мумкин нест, вагарна асло намегузоштам, ки ӯ вориди бино шавад ва саводи банда на дар он сатҳест, ки ба ҷузъиёти ҳар як майдачӯйда аз нигоҳи қонун назора намоям. Маҳз ҳамин каломро шунида ман бо каме тағйирот суханони Феликс Эдмундовичро ба самъи бонуи дар дидбонгоҳ нишаста расонда гуфтам, ки дар ҳақиқат шумо дар ин ҷода гуноҳе надоред ва ин гуноҳи мост, ки шуморо дуруст пурсида натавонистем.58
-Аминам, ки ӯ ин кинояи шуморо ба дил наздик қабул кард, - луқма партофт муфаттиш.
58 Ишора ба суханони Ф.Э. Дзержински - “То кунун дар озодӣ гаштани шумо ин дараҷаи бегуноҳии шумо нест, балки ин камбудии худи мост, ки гуноҳи шуморо дайн карда натавонистем”.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо