Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Намедонам, вале ӯ гуфт, ки нафари либоси ранги кабуд пӯшида дар дасташ сумкаи саф нги сиёҳ дошт пушти камзӯлаш “хизматчии барқ” навиш ҳамин нишона сабаб гардидаст, ки нафари дар дидбонгоҳ буда ба шахсияти воридшаванда чандон аҳамият надодааст ва дуюмӣ рост ба т ва садои ҳаракати “хизматчии барқ” аз нарафтааст. Чун пас аз чанд дақиқа Са рӯбучини хонаи Фирӯзи Ф дигар баромадани “хизматчии барқ” - ро аз бино надидааст. Ба саволи банда “Рафту агар ӯро бинед, мешиноседаш?” Сабоҳати Комил китф ба ҳам кашида гуфт: “Намедонам чунки банда дар камзӯлчаи вай навиштаҷоти “хизматчии барқ” - ро дида ором шудам. Шояд ҳамаи инро сабаб он бошад, ки ҳамарӯза бо талаби сокинони бино кормандони барқ омада, камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф карда мерафтанд ва ба қавле акнун мо ҳама чун гӯшту нохун ба ҳам дӯсту қарин гардида будем. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб шудаву ман дигар ба вай чандон аҳамият надодам.”
-Напурсидед, ки чаро ин даъфа барои рӯбучини хонаи Мижгони Файз рафта, холаи Хуршедаро оварда, ба ҷояш нагузоштааст? - пурсидам ман.
-Пурсидам ва нафари дар дохили хоначаи шишагин буда, чунин ҳолати корро ҳам инкор накарда гуфт, ки баъзан агар аз пайи коре ба ошёнаҳои боло баромаданӣ мешуд, Хуршедахоларо ба дидбонгоҳ оварда, сипас боло мебаромад, вале он рӯз чун вақти намози пешин шуда буд, холаро ташвиш додан нахостаст.
-Аксҳои аз камераҳо гирифтаатонро ба вай нишон надодед?
-Чунин амалҳоро дар доираи қонун ба анҷом расонидан лозим, то нашавад, ки...
-Инаш рост, - гуфт муфаттиш ва илова намуд, ки ин самти корро худаш ба душ мегирад ва аз ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ дар бораи сокини бинои мазкур Ашӯр Ғулом пурсон шуд.

пешина
аз 527
навбатӣ