Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Пурсидам ва аксари сокинон бар он назаранд, ки Ашӯр Ғулом то ба ҳамсоягии онҳо кӯчида омаданаш дар Русия кору фаъолият дошта, сипас ба Ватан баргашта, ҳамчун миёнарав дар хариду фурӯши хонаҳо фаъолият доштааст. Ба андешаи сокинон эҳтимол ӯ касеро фиреб додаву ба чунин муҷозоти сахт ҳукм шуда бошад.
Дар ҳамин лаҳза андешаҳои банда дар атрофи суҳбати навхонадорон (Мижгон ва Фирӯзи Файз) ҳангоми гирифтани қарз аз бонк парвоз кард:
“Моҳи аввали баъди хонадорӣ ӯ даромади якмоҳаи тиҷораташро ду ҳисса намуда, қисмеро ба модару апааш дод ва қисми дигарро, ки маблағи камтар аз 1000 сомонӣ буд, ба хона оварда, ба дасти Мижгон додан хост, то дар каму кости зиндагӣ сарф намояд, вале зан ҳатто ба он маблағи овардаи ҳамсар нимнигоҳе накарда, бепарвоёна гуфт, ки пулҳоро болои ҷевон гузорад. Баъдтар хароҷоти ҳамсарро дида, ба хулосае омад, ки бо он маблағи овардааш дар рӯзгор кореро ба сомон расонидан ғайриимкон аст ва ҳамин андешаҳо дар замири ӯ даҳшатро зер намуд. Ӯ ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки Мижгон чунин маблағи ҳангуфтро бо кадом роҳҳо ба даст меорад. Боре нигаронии хешро дар ин бора ба гӯши нимаи дуюмаш расонд ва зан бо факту далелҳо ба вай фаҳмонда дод, ки то кунун касе аз осиёб бе гард набаромадааст ва, албатта, бонк ҳам чун осиёб “гарди” хешро дорад. Дар аснои ҳамин суҳбат бонуи хона аз ҳамсараш, ки замоне аспиранти як донишгоҳи бузург буд, маънии калимаи бонкро пурсон шуд ва Фирӯзи Файз то ҳадде тавонист посух гуфт, вале ҳамаи ин бонуи хонаро қаноат карда натавонист ва худ маънии он калимаро дар чунин шакл баён кард:
“Бонк - ин ҷоест, ки дар ҳавои соф ба шумо чатр медиҳад ва чун борон гирифт, талаб мекунад, ки онро баргардонед.” Аминам, ки маро мефаҳмед, - пурсид зан.
-То андозае, - иқрор шуд мард.
-Барои он ки дар айёми борон чатрро аз шумо нагиранд, муносибат намудан лозим ё чӣ хеле айни замон мӯд шудааст, дасти кормандеро, ки шуморо дастгирӣ намудааст, сафед кардан лозим. Тайи чанд сол аст, ки ҳамсари шумо низ аз чунин дастсафедкуниҳо дар канор нест, ҳамааш ҳамин, боқӣ ихтиёр шуморост, сутуни хонадони ман.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо