Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Метавонӣ дилатро дур набарӣ, чун ба ҷуз ин маро дигар ягон шакли даромаде нест.
- Бигуед, ки муносибати ин ду сокини бино дар кадом сатҳ қарор дошт?
-Ба ҷуз муносибати ҳамсоягӣ, ки ҳангоми рӯ ба рӯ омадан баъди салому алейк ва ҳолпурсии кӯтоҳ дигар касе дар муносибати онҳо ягон амали дигареро мушоҳида накардааст.
-Яъне, ки ягон рамзе дар муносибати онҳо ба қайд гирифта нашудааст? - пурсидам ман.
-Чӣ хел рамз?
-Рамзе чун SOS.59
-Барои ба чунин рамзҳо сарфаҳм рафтан таваҷҷуҳкунанда бояд худ аз ҳамон кӯча гузаштагӣ бошад. Ба ҳар ҳол бо онҳое, ки банда сари суҳбат қарор доштам, ба фикрам, асло аз он кӯча нагузашта буданд.
-Чунин андешаи хомро аз сар дур намоед!
-Чаро?
-Чунки муҳаббат ҳам чун марг аст ва касеро аз “чанголи “ ӯ раҳоӣ нест.
-Ин ду ҳолатро ба ҳам пайвастан нашояд, - эътироз намуд Ҷомии Шариф.
-Чаро?
-Чунки Мижгони Файз пойбанди муҳаббати Раббонӣ60 буд ва ҳама гуна ҳаракати вайро бо рамзи SOS ба ҷуз васвасаи шайтон дигар чизе гуфтан нашояд, ё шумо гумон доред, ки...
-Мо ягон гумон надорем, вале тасдиқ ё инкори чунин муносибатҳо барои тафтишот ниҳоят муҳим аст. Дар акси ҳол ба гумон аст мӯйро аз хамир ҷудо намудан.
Сипас, нафаре, ки чун асо ваколати пирро ба душ гирифта буд, таваҷҷуҳи моро боз дар атрофи ҳолномаи собиқ
59 SOS - бонги хатар дар баҳр (аз забонӣ англисӣ) ки маънояш “Ҷони моро наҷот диҳед!”мебошад. Дар ҳолати мазкур амале, ки тариқи он пинҳонӣ аз муҳаббат роз мегӯянд.
60 Ишора ба нафари дар қайди никоҳ буда.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо