Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ситораи варзиш Мижгони Файз бедор намуда, бо пешниҳодҳои мушаххас дар атрофи ҳодисаи таърихи беш аз
12 - сола давр заданамонро талаб кард.
Мо боз муддате масъалаҳои ба вуқуъ пайвастаро мавриди баҳси хеш қарор дода, самти ҳаракатҳои минбаъдаро дар атрофи ҳолатҳои нав ба тафтишот ошкоршуда ба нақша гирифта, бо муфаттиш худоҳофизӣ намуда, аз бинои прокуратура баромадем...


-Ой, киро мебинам? Наход, ин шумо бошед, рафиқ майор? Чӣ хуб ки омадед, вагарна ман худам фардо ё пасфардо ба дидорбиниатон мерафтам, - баробари пой ба остонаи дафтари кории муфаттиши прокуратураи ноҳияи Сарчашма гузоштанам, ба истиқболам бархеста гуфт Ризвони Ҳаким ва баъди салому ҳолпурсӣ курсиеро дар паси мизи дарозрӯя бароям нишон дода, худ низ дар рӯ ба рӯям нишаста гуфт: -Илоҳо, қадаматон муборак бошад!
Аз рӯйи таомул дар қатори эшон банда низ омин гуфта, даст ба рӯй кашидам, ки дар мадди аввал чунин тарзи муносибат худ як нишоне аз ҳамдигарфаҳмӣ буд. Мо боз лаҳзае аз ину он қисмати зиндагӣ мубодилаи афкор намудем ва сипас банда мақсади ташрифи хешро баён кардам.
-Чӣ хеле гуфтам, оғози соли нав ва рӯзҳои истироҳат сабаб шуд, вагарна ман худам ба назди шумо меомадам, - гуфт Ризвони Ҳаким ва маъзарат пурсида, аз курсӣ бархоста гуфт, ки “як чой монам” ва ба эътирози банда дигар аҳамияте надода, сабуи шишагинро аз болои мизи хурдакаки дар паҳлуи сейфи оҳанин буда гирифта барои овардани об рафт...
Тайи он муддате, ки Ризвони Ҳаким барои овардани об рафт, андешаҳои мухталифе бандаро ба сар омад, ки яке аз арш буду дигаре аз фарш. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб гардидаву новобаста аз ҳама талошҳоям ман нӯге аз он гиреҳҳоро ба даст оварда натавонистам...
-Ҳозир чой ҳам мешавад, - баробари пой ба остона ниҳодан гуфт муфаттиш Ризвони Ҳаким ва ба чойники электрикӣ об рехта, ноқилҳои онро ба хатти барқ пайваст

пешина
аз 527
навбатӣ