Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

намуда, ба курсӣ нишаст ва ҳамоно риштаи суханро ба даст гирифта, гуфт:
-Мо пайвастагиеро дар муносибатҳои ҳарду сокини кӯчаи Бухоро 59/6, ки дар ду минтақаи шаҳр бо ду тарз ҷони хешро аз даст додаанд, дарёфтем.
-Чӣ? - бовар накарда пурсидам ман.
-Он чӣ шунидед. Бояд зикр намоям, ки дар чорсӯи зиндагӣ Мижгони Файз ва Ашӯр Ғулом сари як чорроҳа ду маротиба рӯ ба рӯ омадаанд. Албатта, то кунун мо муайян карда натавонистем, ки муносибати онҳо дар кадом сатҳ қарор дошт, вале боварӣ дорам, ки ин ҳамааш аз вобаста вақт аст.
-Агар бемалол бошед ба ин масъала равшании бештаре меандохтед.
-Ҳозир, - гӯён муфаттиш аз ҷой бархеста, назди тиреза рафт ва тефалро аз ҷараёни барқ ҷудо намуда, чой дам кард ва аз ҷевони пушти дар, ки аслан китобҳои зиёди тахассусию бадеӣ ороишгараш буданд, чанд лаъличаи хурди хушкмева ва шириниҳоро гирифта, болои миз гузошт ва сипас ба ду пиёла чой рехта, яке аз он пиёлаҳоро ба тарафи ман дароз намуда:
-Марҳамат, як пиёла чой. Ин аз ҳамон чойест, ки мардум сифаташро то ба сурайё бардоштанд. Чойи кабут доруи дарди сар аст...
-Чойи кабуд беҳтарин нӯшокии ташнашикан аст, - гуфтам ман ва пиёлаи чойро аз дасти соҳибмулк гирифта, боз гӯш ба қимор шудам...
-Тафтишот муайян намуд, ки замоне Мижгони Файз ва Ашӯр Ғулом дар клуби парашютчиёни ҷавон машқ мекарданд. Сипас дар он ҷо чӣ ҳодисае рух додаву муддате ҳарду дар бозори “Шоҳмансур”ба тиҷорати умумӣ машғул шуданд. Аниқтараш, Ашӯр Ғулом таъминотчии бор будаву Мижгони Файз савдогар. Пас аз як соли тиҷорати умумӣ Мижгони Ҳамроҳ ба кори бонк гузашт ва Ашӯр Ғулом ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта, дар ҳамон ҷо бо Марина Доброволская ном ҷавонзани рус оила бунёд намудааст. Аз зиндагии якҷоя онҳо соҳиби як духтар шуданд бо номи Виктория, ки ҳоло дар яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Тула таҳсил дорад.

пешина
аз 527
навбатӣ