Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чӣ шудаву ин оилаи интернатсионалӣ ба таври расмӣ аз ҳам ҷудо шудаанд ва Ашӯр Ғулом ду сол пеш ба Ватан баргашта, ҳамчун миёнарав дар хариду фурӯши хонаҳо ба кор шурӯъ намудааст. Пас аз ним соли дар Ватан иҷоранишин буданаш ӯ дар ошёнаи ҳаштуми бинои 59/6 - и кӯчаи Бухоро як хонаи дуҳуҷрадор харидааст. Тайи ин муддат дигарбора талоши оила бунёд намудан накардааст. Дар асоси маълумотномаи пешниҳоднамудаи бонки “Аврора” Ашӯр Ғулом аз бонки мазкур якуним сол пеш барои ба роҳ мондани тиҷорати хурд 200 000 сомонӣ қарз гирифтааст. Ҳарчанд дар ҳуҷҷатҳои бонк имзои мудири бонк нест, чунки дар ҳақиқат дар он шабу рӯз ӯ дар рухсатии меҳнати будаст. Гумон мекунам, ин амалиёт бе дахолати бевоситаи мудири бонк нагузаштааст.
-Чӣ хел дахолат?
-Чунки дар ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи Ашӯр Ғулом кафил нафарест, ки соле пеш аз ин амалиёт ҷон ба ҷаббор таслим намуда буд.
-Пас, чаро ҳангоми санҷишҳои бонкӣ ҳамин камбудӣ ошкор карда нашудааст?
-Сари ин масъала мо кор карда истодаем, вале то кунун асли воқеаро муайян карда натавонистем.
-Ҳангоми суҳбат нафаре аз ҳамсоягон нагуфтааст, ки онҳо дар чунин муносибати наздик қарор доштанд. Инаш он тараф истад, дар замоне, ки воситаҳои итиллоот дастраси ҳамагон гардидааст, мо дар таблограммаи аз ширкатҳои мобилии дар хизмати онҳо қарордошта талаб намуда гирифтаамон пайвастшавии рақами телефони онҳоро мушоҳида накардем.
-Дар ин бора чизе гуфта наметавонам, вале ба гумон аст, ки ин ҳама чашмбандӣ набошад.
-Чӣ хел чашмбандӣ?
-Худ тасаввур намоед, ки бе кафолати аниқ чӣ тавр метавонад нафаре, ки тайи як даҳсола дар Ватан набудааст, ҷойи кори аниқ ва сердаромад надорад ва 25 фоизи маошашро алимент медиҳад, ҳамин хел осонакак бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда барои тиҷорате, ки дар асл вуҷуд надоштааст, қарз гирад.

пешина
аз 527
навбатӣ