Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ростӣ, мудири бонк зан нею як балои Худо будааст. Кӣ медонад ӯ то аз Русия омадани Ашӯр Ғулом боз чӣ амалиётҳоеро тарҳрезӣ накарда бошад.
-Ба андешаи шоҳиди асосӣ ӯ дар зери қаноти сарпарасти бузурге, ки дар ҳуҷҷатҳои гирдовардаи мо чун тамокуфурӯш муаррифӣ шуда, ҳатто баъзе вакилону вазирон ҳам назди вай муттаҳам ҳастанд, қарор доштааст. Мутаассифона, муайян намудани шахсияти он марди бо тамоку сарукордошта то кунун ба тафтишот муяссар нашудааст.
-Дар ҳақиқат зан нею оташ!

  • Вале дар зиндагӣ ноком.
    -Пас ба андешаи шумо дар рӯзгори онҳо гармие набуд?
    -Рӯзгоре, ки танӯри синаи зан аз нон холист, варақи намгирифтаро мемонад ва хондани хат дар чунин варақ осон нест
    -Биёед, якҷоя боз сари ҳамин масъала баргардем, шояд...
    -Бошад.

Ҳамааш чун ҳамон каломи “Баъди султонӣ гадои хуш намеояд маро” шуд ва бемуҳобот рузи аввали корӣ дар соли нав ҳар яки моро ба гадо табдил дод. Эҳтимол фоизи кушодашавии ҷиноятҳои ноаён, хусусан ҷиноятҳои вазнин, дар давоми рӯз мавриди баррасии мақомоти болоии милиса ва прокуратура қарор гирифта буд, ки ҳайати гурӯҳи кориро аз рӯйи парвандаи 519 дар соати 20 ба дафтари кории Раҳмон Маҳмуд даъват намуданд. Аз он сабаб ки дар давоми рӯз ин дуюмин даъвати мо ба прокуратура буд ва новобаста аз он ки дар даъвати субҳгоҳӣ мо бо сабабҳои объективӣ бо сарназоратчии қонун рӯ ба рӯ нашудем, баъди ин ҳама даву този рӯзона, ки нияти ба хона рафтан доштем, ин даъвати нобаҳангом бонги хатарро ба ёдамон овард. Ҳарчанд шом фаро расидаву рӯшноӣ ҷой хеш ба торикӣ дода буд, ақрабаки соат нав ба 18 наздик мешуд ва акнун моро лозим меомад, ки боз ду соат сабру таҳаммулро пеша намуда, сипас ба прокуратура равем. Солҳои пеш банда ба чунин ҳолатҳои кор чандон аҳамият намедодам, вале акнун нигоҳам ба зиндагӣ ба куллӣ тағйир ёфта буд, аммо дигар ҷойи афсӯсу надомат ҳам набуд, чунки қатора бо мусофирони зираку ҳушёр61 кайҳо аз пероне, ки мо низ навбат ба саворшавӣ доштем, дур шуда буд...

пешина
аз 527
навбатӣ