Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сари ҳамин андешаҳо ҳатто чӣ тавр дар иҳотаи зулмот монданамро нафаҳмидам, вале дигар майл ба бархостану пахш намудани тугмачаи барқро ҳам накардам, ҳамин хел ба курсӣ такя намуда чашмонамро пӯшидам.
Дар ҳолати нимхобию нимбедорӣ симои ҳамкорону мансабдорони зиёде аз пеши назарам гузашт ва ман худро дар перон гоҳ дар даври сағирон дидаму гоҳе дар ҳузури вазирон ва чун қатора омад, қисме аз нафарони дар перон буда бо як шукӯҳу салобат чиптаҳои дар дасташон бударо нишон дода, вориди он шуданд, вале қисми дигаре ки рафтан мехостанду аз сабаби надоштани маблағ чипта гирифта натавонистанд, чун ман дар перон монданд ва мо ҳамагон аз қафои қатораи аз наздамон дуршудаистода менигаристем...
Занги телефони дохилӣ, ки садояш аз бонги хатар баландтар аст, бандаро аз назораи минбаъдаи қатора раҳо кард ва дар торикӣ ҳам бошад, палмосида гӯшакро ба даст гирифта гулӯ рӯшан намудам...
-Ана дидӣ, гуфтам, ки рафиқ майор аз бино набаромадааст, вале бовар накардӣ. Дониста бош, ки аз паҳлуи қисми навбатдорӣ агар паша ҳам гузарад, мо огоҳ мешавем, - шунидам овози навбатдорро, ки бо касе сари баҳс қарор дошт.
-Охир ман аз паҳлуи дафтари кориашон гузаштам ва чароғҳо хомӯш буданд, - гуфт дуюмӣ...
Гӯшакро ба ҷояш гузошта, чашмони то кунун аз хоб сер нашудаамро молида аз курсӣ бархоста, пушти дар рафта, тугмачаи барқро зер намудам ва баргашта сари мизи корӣ нишаста будам, ки касе ба дар ангушт зад. Гулӯ рӯшан намудам ва Ҷомии Шарифро дар остона дида гуфтам:
-Марҳамат гузаред.
-Тавба, - гӯён шогирди банда ба курсие нишаст.

61 Манзур нафароне ҳастанд, ки бо замона ҳамқадам шуда, ба вазифаҳои баланд рафтанд.

пешина
аз 527
навбатӣ