Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Боз чӣ гап шуд?
-Лаҳзае пеш ман аз назди дафтари кориатон гузашта чароғҳоро хомӯш дидам.
-Шояд дар назаратон намудааст?
-Намедонам, вале аз сабаби набудани рӯшноӣ ман ҳамон хел бетафовут аз паҳлуи дафтари кориатон гузашта, ба ошёнаи якум фаромадам.
-Рӯшанӣ аз торики рӯшантар аст.62
-Рафиқ майор, ҳеҷ аз ҳамин шӯхиҳоятон намондед, ки намондед. Оё хабар надоред, ки соате пас мо бояд ба ҳузури Раҳмон Маҳмуд равем?
-Барои ҳамин ҳам банда дар ҳамин “рӯшанӣ” нишаста будам.
-Маълум ки хоб будед, дурусттараш хоб чунон ғалаба намудааст, ки шумо ҳатто майли бархостану фурӯзон намудани чароғро накардед.
-Шояд.
-Бе ягон шояд, аниқ ҳамин хел буд, - гӯён шогирди банда шикоят бар он овард, ки имрӯз луқмае ба даҳон набурдааст ва агар ӯро дар ин кори хайр ҳамроҳӣ мекардам, нураналонур мешуд.
-Роҳи дигаре нест?
-Ман онро надида истодаам ва хоҳиш мекунам аз хотир набароред, ки “гурусна бо шер задааст”.
-Чӣ илоҷ? - гуфтам ва аз курсӣ ҷисми ба қавле афгори хешро бардоштам.
Шамоли сарду сахти ба ном зимистон ба ҷисму ҷон кора кард ва илова бар ин дар фазо ягон ситорае ҳам ба чашм намерасид.
-Аз ҳамин сардиҳо бӯйи барф меояд, - гуфт Ҷомии Шариф.
-Моҳи дуюми зимистон аст ва боз се рӯз ҳам аз соли нав сипарӣ шуд, агар ҳоло ҳам наборад, дигар кай меборад? - гуфтам ман, вале мусоҳибам дигар каломе ба забон наовард.
62 Ишора ба сухани устод Меҳмон Бахтӣ, ки замоне мавриди нақизагӯиҳои зиёде гардида буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо