Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Дар ошхонаи сари роҳ тановул намуда, сипас роҳи прокуратураро пеш гирифтем...
Дар вақти таъиншуда мо ба дари сарназоратчии қонун ангушт задем. Ҳанӯз мо имконияти ба курсӣ нишастан наёфта будем, ки сарвари милиса низ дар остона пайдо шуд. Ба хотири пос доштани эҳтироми эшон боз муддате сари по рост истодем ва чун Воҳид Камол паси мизи дарозрӯя аз рӯйи мақом курсии аввалро аз самти чапи мизи прокурор интихоб намуда, рӯ ба рӯй муфаттиш нишаст, ману ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ низ паси он мизи дарозрӯя дар муқобили ҳамдигар ҷо ба ҷо шудем.
-Боиси нигаронист, ки аз ҳисоби ҷиноятҳои вазнин мо парвандаеро аз соли гузашта чун тӯби футбол зада,то ба соли нав овардем. Ҳарчанд дар умум парвандаи мазкур ба фоизи кушодашавии ҷиноятҳои ноаён содиршуда чандон таъсири манфие ҳам нарасонид, вале дар байни ҷиноятҳои вазнин ба қайдгирифташуда фоизи он назаррас аст. Маҳз ҳамин ҳолати кор имрӯз дар баромади прокурори шаҳр мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт ва маро низ дар он ҳамоиш хеле гӯшмол доданд, - каломи муқаддимавиашро дар чунин шакл ҳусни ифтитоҳ бахшида гуфт нафаре, ки дар ин шаби сарди зимистон моро ба дафтари кориаш даъват намуда буд.
Аз эҳтимол дур нест, ки ҳодисаҳои дар ду қисмати шаҳр ба сари ду сокини бинои 59/6 кӯчаи Бухоро омада дар алоқамандӣ қарор надошта бошанд, - гуфт прокурор. - Рафту агар моро дар ин самт ягон гиреҳе ба даст ояд, эҳтимол то фатҳи марра дигар мушкилоте пеш нахоҳад омад. Чун прокурор нуқтаи назари сарвари милисаро дар атрофи каломи ба самъи ҳозирин расонидаи хеш донистан хост, Воҳид Камол ёдрас шуд, ки чун дар нимаи дуюми рӯз ӯро низ ба РКД шаҳр даъват намуда буданд, имкони дар алоҳидагӣ суҳбат намуданро бо зердастонаш, ки акнун ин ҷо ҳузур доранд, наёфт. Аз ҳамин лиҳоз, сарвари милиса дар бораи бурду бохти бахши кофтукови ҷиноятӣ аз рӯйи парвандае, ки акнун чун устухон дар гулуӣ ҳамагон мондааст, аз ман пурсон шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо