Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Дар асл сарварони ду идораи бонуфуз то ҳадде имкон доштанд ҳамаи бурду бохтро дар атрофи парвандаи аз соли гузашта ба мерос монда ба души банда бор кардан хостанд.
Ҳарчанд ҳодисаи мазкур аз аввал тасодуфӣ арзёбӣ шуда, нафаре дар ин бора аз сарвари милиса хоҳиш намуда...
Сарвари милиса бошад, каломи эшонро чун амонат пиндоштаю ба он хиёнатро раво надид ва ҳамин ҳолат асос шудаву ному насаби нафаре, ки эҳтимол хоҳиши дигареро, ки дар мақому манзалат аз ӯ болост, ба гӯши сарвари милиса расонид. Ин ҷо бошад, ҳама дар талоши ҳақиқат, ҳама дар талаби ёфтани пайвастагӣ дар марги ду ҳамсоя, ки замоне шояд об аз гулӯи якдигар менӯшиданд. Баъди хомӯшии на чандон тӯлонӣ дар чунин шакл андешаҳои хешро ба самъи ҳозирин расондам:
-Дар ин бора муфаттиши прокуратураи ноҳияи Сарчашма Ризвони Ҳаким аллакай пайвастагиеро дар муносибатҳои пештараи Мижгони Файз ва Ашӯр Ғулом дарёфтааст, ҳозиринро бо суҳбати имрӯзаи хеш ва муфаттиши прокуратураи ноҳияи Сарчашма шинос намуда гуфтам.
-Оё мо метавонем, гӯем ки тафтишот акнун маҷрои хешро гирифт? - пурсид Раҳмон Маҳмуд.
-Пайвастагиҳо дар муносибати ду нафар шиноси акнун ҷонбохта ниҳоят пурпечутобанд, ки метавонанд маҷрои тафтишотро ба куллӣ тағйир диҳанд ва ё маротиб аз ин саҳнаи набард моро дур намоянд.
-Ин каломи шуморо чӣ хел фаҳмидан мумкин?
-Аслан бонк пеш аз додани ҳама гуна қарз бояд ҳолномаи қарзгиранда ва ҳадафи эшонро дар гирифтани қарз мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳад, вале дар ҳолате ки зикраш дар боло рафт, ҳамин масъала мавриди таваҷҷуҳи кормандони бонк қарор нагирифтааст ва бонки “Аврора” бархилофи оинномаи бонкӣ ба рафти амалиёти қарздиҳӣ аз паси панҷа нигаристааст, ҳарчанд мо то кунун ба ҳуҷҷатҳои бонкӣ худамон аз наздик шинос нашудем, вале аз суҳбати имрӯза бо муфаттиши прокуратураи ноҳияи Сарчашма Ризвони Ҳаким банда ба чунин хулоса омадам
-Чӣ хел?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо