Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Акнун новобаста аз рӯ ба рӯ омадани ду ҷабрдида дар як пайроҳа тафтишот наметавонад аз самти қарзҳои аз бонк гирифтаи Ашӯр Ғулом ба рафти ҳодиса нигарад.
-Инаш ҳамчун осмони соф ба ҳамагон маълум аст, чунки новобаста аз ғайриқонунӣ гирифтани қарз баъди ҷисман аз байн бардоштани мудири бонк ҳам он қарзро хоҳу нохоҳ баргардонидан лозим меомад, - нигоҳи хешро ҳамчун ҳуқуқшинос бозгӯ намуд нафаре, ки дар сари мизи корӣ менишаст.
-Аммо ҳолати дигаре дар муносибати ҳарду ҷонфидо ҳаст, ки нигоҳи ҷиддиро тақозо мекунад.
-Тамрини онҳоро дар клуби парашютчиёни ҷавон дар назар доред?
-Бале. Ҳарчанд ин танҳо андеша аст, вале кадоме аз ин ду нафар шуълаи кайҳо дар зери хокистар мондаро бори дигар аланга додан хостааст.
-Аз ин бармеояд, ки Ашӯр Ғулом бо ҳодисаи рӯзи 8 декабр дар бинои рақами 59/6 кӯчаи Бухоро рухдода ба таври мустақим ҳам набошад, ба таври ғайримустақим, алоқа дорад, - риштаи суханро ба даст гирифта гуфт сарвари милиса.
-Камераҳои назоратии бинои рӯ ба рӯ дар байни 15 - дақиқа, - гӯён ман нигоҳамро ба сӯйи нафари дар муқобилам нишаста дӯхтам ва бо ин амал ӯро ба гирдоби моҷаро 63 тела додам. Баъди каломи ба забоновардаи банда вазъи ҳамонлаҳзаинаи Ҷомии Шариф вазъи нафареро ба ёдам овард, ки дар соҳили рӯди шӯхи кӯҳӣ аз одаму олам бехабар нигоҳашро ба мавҷҳои пуртуғёни рӯд дӯхтаву ғарқи андеша аст ва ногаҳон нафаре бо шаст ӯро сарозер ба поён тела медиҳад ва баҳри наҷоти хеш ӯ чӣ талвосае намекунад...
-Дар камераи рӯ ба рӯи даромадгоҳ аксе ҳаст, нафаре бо либосҳои кабуд, ки дар пушти камзулаш “Хизматрасонии барқ” навишта шудааст. Ӯ соати 12.43 дақиқа бо сумкаи сафарии ранги сиёҳ вориди бино шудааст, вале акси баромади ӯро аз бино ман наёфтам. Чун он замон Сабоҳати Комил дар

63 Ба маънои ба рафти суҳбат кашидам.

пешина
аз 527
навбатӣ