Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

ҷойи кораш буд, барқчӣ ҳеҷ имкон надошт, ки аз назди вай ноаён гузарад ва боз...
-Боз чӣ? - пурсид Воҳид Камол, ки чунинашро интизор набуд.
- Новобаста аз ҳама ҷаҳду талошҳо нафаре, ки рӯзи 8 декабр соати 12.58 дақиқа аз бинои рақами 59/6 кӯчаи Бухоро берун омадааст, аз нигоҳи объективӣ ду камераи назоратии дар биноҳои муқобил гузошташуда дур намондааст,-нигоҳи моро ба рафти суҳбат бештар намуданӣ шуда хабар дод Ҷомии Шариф.
-Пас чаро дар бораи ин ҳама бозёфтат ба даҳон об гирифта гаштӣ ё аз ҳамкоронат боварӣ надорӣ? - нигоҳи сардашро ба сӯйи мусоҳибаш нигаронида гуфт сарвари милиса.
-Рафиқ полковник, дар асл Ҷомии Шариф гуноҳе надорад, чунки ӯ аллакай як маротиба шаҳди чунин шитобкориҳоро чашидааст ва ин даъфа дискеро аз ҳарду бозёфташ ба гурӯҳи корӣ пешниҳод кард, вале чун санҷиши такрории он то кунун ба мо даст надодааст, пеш аз пода чанг андохтан нахостем,-гуфтам ман ва ба хулосае омадам, ки бармаҳал шогирдро ба гирдоб тела додам.
Сарвари милиса ҳарчанд аз асп ҳам фаромада бошад, вале пой аз рикоб нагирифта буд ва нигоҳи саволомезашро ин даъфа ба сӯйи муфаттиши прокуратура, ки дар муқобилаш менишаст, дӯхт.
-Он дискро дар дафтари кории банда мо дар якҷоягӣ тамошо намуда, ҳатто аз рӯйи он нақшаю чорабиниҳоро тарҳрезӣ намудем, - гуён Фурӯғи Шариф аз байни парвандаи ҷиноӣ ду варақеро берун оварда, назди сарвари милиса гузошт, то худ шинос шудаву қазоват намояд.
-Воҳид Камол, ки ҳанӯз пой аз рикоб нагирифта буд ва ё шояд муфаттишро дар дурӯғгӯӣ муттаҳам кардан мехост, айнакашро ба чашм гузошта, он варақаҳои тақдирсозро мавриди назар қарор дода гуфт:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо