Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Ҳама Шерлок Холмс64 шудагӣ, бехабар аз он ки коргоҳро сарваре ҳаст.
Ӯ боз нисбат ба алоқамандии Ашӯр Ғулом дар ҳодисаи пешин пурсон шуд.
-Сари ин масъала ҳамон бегоҳие, ки дар минтақаи шумо, рафиқ полковник, чароғҳо хомӯш шуда буданд, мо бо муфаттиш ва сарваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ана дар ҳамин дафтари корӣ сари баҳс нишаста будем. Сари ҳамон як суҳбати кӯтоҳ мо ба таври назариявӣ алоқамандии ҳарду ҷиноятро то ба андозае наздик овардем ва гуфтем, ки дар амал татбиқ намудани он ба донишу маҳорати худи мо вобаста аст, вале сол ҳам сипарӣ шуду моро дар бораи он андешаҳои бикр, ки ба гумонам аз рӯйи чор ҳолат мавриди назар қарор дода будем, дастоварде нест, - изҳори нигаронӣ намуда гуфт Раҳмон Маҳмуд.
-Дар нақшаю чорабиниҳо оварда шудааст, ки ҳолати ба бино воридшавии “Хизматчии барқ” бо либоси кабуд ва бо сумкаи сиёҳ ва аз бино бурун омадани нафаре бо либоси сиёҳ ва сумкаи кабуд мавриди санҷиш қарор дода шавад. Аз ҳамин лиҳоз, нуқтаи назари нафареро, ки санҷиши ин самти корро ба душ гирифтааст, донистан мехостам, - нигоҳашро ин даъфа аз мусоҳиби кунуниаш наканда гуфт Воҳид Камол.
-Худи ҳамин рӯз банда ба Сабоҳати Комил даъватнома фиристодам ва гумон мекунам фардо субҳ ӯ ба прокуратура омада, ба чанд саволе ки тайи се ҳафтаи охир мо ҷавоб меҷӯем, посух хоҳад гуфт. Бе гирифтани нишондоди расмии Сабоҳати Комил мо имкони инкор ё рад намудани иштироки Ашӯр Ғуломро дар ҳодисаи аввала надорем,-гуфт муфаттиш ва бо ҳамин нутқи фишурдаи хеш ба қавле ба ҳамоиши нобаҳангоми шабона нуқта гузошт...
Аз бинои милиса баромада, зарраҳои аввалини барфи аз осмон омадаистодаро дидем, ки акнун чун донаи марворид ба замин мерехтанд. Дар интиҳо дар шаби сеюми соли нав бори аввал он донаҳои марвориди аз осмон омада чун туҳфаи Офаридгор ба сару рӯйи роҳгузарон мерехт ва новобаста ба
64 Қаҳрамони асарҳои Артур Конан Дойл.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо