Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

ҳама сардии зимистон мардум ба тамошои барфи аввал баромада буданд...
Сари субҳ чун аз хона баромадам, заминро дар зери қабои сафеди барф дидам. Новобаста аз ҳама сардиҳои зимистон саҳни ҳавлӣ бозорро мемонд. Мисли оне ки замин кафидаю одам рӯйда. Аслан иштирокчиёни ин ҳамоиш ҳама ҷавонон буданд, ки аз рӯйи гурӯҳҳои синусолӣ байни хеш барфбозӣ доштанд. Шояд ҳамаи инро сабаб он буд, ки чанд рӯз боз нафарони дар саҳни ҳавлӣ гирдомада дар таътили зимистона қарор доштанд. Аз дур ҳам бошад, Наргисро дидам ки барфи чун тӯбчаи хурд дар байни ангуштонаш бударо бо як маҳорати хосе ба сӯйи Далер ҳаво дод, вале аз самти муқобил ҷавобе нашуд. Эҳтимол Далер аз дур ҳам бошад, маро дида буд ва тири ба сӯяш ҳавододаи ҳамсоядухтарро беҷавоб монд.
Дар ҳамин ҷо мавҷи андешаҳои банда ба Балабаново65 парвоз кард. Соле пас аз истироҳат дар “Пушинас” ва ба Сағирдашт омадани Алексей Владимирович Сендеров ва ҳамсараш Надежда Алексеевна бо таклифи дӯстон моҳи январи соли 1990 банда рухсатии меҳнатӣ гирифта, ба Москва рафтам. Аз сафари дар пеш истодаам дӯсти ниҳоят қадрдонам Ғайрат Талбидагиев огоҳӣ ёфт ва хоҳиш намуд, ки илоҷе намуда Қудрат - писари дар хизмати ҳарбибудаашро бубинам. Аслан хоҳиши акаи Ғайрат барои ман аз фармони сарвари ҳамонвақтаи милиса Ёров66 ба маротиб боло намуд ва эшонро бовар кунонидам, ки метавонад осуда бошад.
Чун ҳамон шабу рӯз капитан Сендеров бисёр кӯшид, ки аққалан ҳафтае рухсати меҳнатӣ гирифта, ҳамчун мизбон шаҳри азизашро ба ман нишон диҳад, вале бо роҳбарияти МУР ба мувофиқа омада натавонист. Ин кор ба Надежда Алексеевна (дар он замон ӯ дар та
65 Балабаново - шаҳр дар вилояти Калугаи Русия, ки аз Москва дар масофаи 90 км ва аз маркази вилоят дар масофаи 20 км ҷойгир аст. Гӯгирди дар Балабаново истеҳсолшуда дар СССР аз ҷиҳати сифат беназир буд.
66 Нигар ба қиссаи Шарифбек Азизӣ “Пораи қанд”.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо