Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

мекард) осонтар даст дод ва бону дар тамошои ҷойҳои таърихии шаҳри Москва бандаро р Ҳафтае пас мо якҷоя ба дидорбинии писари акаи Ғайрат рафтам. Гумон доштам, ки Калугаро ҳам мебинем, аммо баъди дуюним - се соати ба роҳ баромаданамон хизматгордухтари қатора аз расидан ба Балабаново моро огоҳ намуд. Аз қатора берун шуда, дар сардии ҳавои моҳи январ ба ҷустуҷӯи қисми низомӣ баромадем ва аз пеши Комбинати гӯгирди Балабаново гузашта, ба самти ҷануб ҳаракат намудем. Баъди ним соат пеши дарвозаи қисми ҳарбӣ таваққуф намудаем.
Матлабамонро ба аскари дидбонгоҳи пеши дарвоза байён намуда, каломи “интизор шавед”- ро шунида, аз пеши дарвоза каме дуртар рафтем. Ногаҳон Надежда Алексевна бо барфи дар байни ангуштонаш кулуланамуда маро чун ҳадаф ба нишон гирифта, онро ба сӯям ҳаво до салом бандаро ба барфбозӣ кашид. Ду - се ҷуфти дигари чун мо ба дидорбинии аскарон омада, кӣ чун худи мо ҷавон буданд, барфбозии моро дида, ба бозӣ ҳамроҳ шуданд ва тӯли қариб ним соати интизорӣ мо ҳамон қадар ба сару рӯй ҳамдигар барф пошидем, ки дигар мислашро дар ҳаёт ман ёд надорам. Ҳарчанд Сағирдашти мо то моҳи июн барф дорад, лек чунин намуди бозӣ бароямон маъмул нест ва гумон мекунам то кунун кайфияти ин бозиро мо дарк накардаем...
-Қарз бо баргардониданаш зебост, - аз саҳни ҳавлӣ гузашта истода гуфтам ман ва дидам, ки Далери хапак чӣ тавр барфи дар зери ангуштонаш кулӯланамударо ба қафаси синаи ҳамсоядухтар ҷо кард.
Аз чунин ранг гирифтани кор хурсанд шудам, вале афсӯс ки дигар чун дар пеши дарвозаи қисми ҳарбии шаҳри Балабаново имкони интизор шуданро надоштам ва суръати ҳаракатамро тезтар намуда, ба самти истгоҳ қадам задам.
Баробари ба автобус нишастан боз эродҳои дишабаи Воҳид Камол, ки бо кинояи хеш моро ба қаҳрамони асарҳои Конан Дойл баробар намуда буд, ба ёдам омад. Ҳарчанд эшон аз сардию гармии зиндагӣ огоҳ буд, вале яку якбора инони ихтиёр аз даст доданаш боиси нигарони буд. Дишаб баъди анҷоми маҷлис ӯ ҳамроҳи Раҳмон Маҳмуд монд.

пешина
аз 527
навбатӣ