Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун баъди ним соат дар рӯ ба рӯи бинои милиса аз автобус берун шудам, аз паси пораҳои абри парокандашудаистода офтоб ҷамоли хешро ба назари заминиён ба тамошо гузошт. Ҳарчанд тамошои чунин манзара ниҳоят дилфиреб ба назар мерасид, таъсири шуоҳои он гармие надошт. Шуоҳои офтоб дар ин субҳи солеҳони фасли зимистон нигоҳи сарди мансабдорони бюрократро ба ёд меовард, ки худ шоҳ ва таъбашон вазир буд, бехабар аз он ки дар замирашон аз хирад нишонае нест ва новобаста аз соҳибмансабу соҳибкурсӣ буданашон суханашон чун ҳамин шуоҳои субҳгоҳии фасли дай чун оташи зери хокистар таъсире надошт. Шояд ҳамин сардӣ буд, ки барфи аввал аз тобиши шуои офтоб ҳам дар нигоҳи бинанда донаҳои “марворид67” ро ҳам ба хотир намеовард.
Чун по бар остонаи бинои милиса гузоштам, навбатдор ҳушдорам сохт, ки сарвари милиса бандаро дидан мехоҳад.
-Боз чӣ гап шуд?
-Аз куҷо донам? - китф ба ҳам кашид навбатдор.
Дилу бедилон самти ҳаракатамро каме тағйир дода, ба тарафи дафтари кории сардори милиса ҳаракат намудам.


Воҳид Камол тамоку дар даст паси тирезае, ки ба тарафи ҳавлӣ кушода мешуд, дар зери фаввораи дуд сари андешаҳои хеш барфи аввалро тамошо дошт. Чун банда аллакай ба дар ангушт задаву рухсати воридшавӣ ба ин “Кохи нур”68- ро гирифта будам, баробари пой ба остона гузоштан хостам ба таври расмӣ аз омадани хеш гузориш диҳам, вале...
-Омедед? - гуфтани нафаре, ки то кунун нигоҳаш ба саҳни ҳавлӣ дӯхта шуда буд, бандаро аз иҷрои гузориши расмӣ озод намуд ва бо овардани каломи “ҳамин хел, рафиқ полковник” вазифаи хешро анҷомёфта ҳисобида, дар остона беҳаракат мунтазири фармони навбатии соҳибмулк шудам.

67 Марворид ба маънои дурахшон омада, ки ҷилояш чашмро мебарад.
68 Ишора ба дафтари кории сардори милиса, ки ҳамеша штаби фронтро мемонад.

пешина
аз 527
навбатӣ