Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Гузашта шин, - ман ҳозир гӯён Воҳид Камол дуди тамокуи дар дасташ бударо фурӯ бурд ва фавворае аз ҳосили ин “заҳматҳояш” чун гунбази абрешимин дигарбора болои сараш парфишон гашт.
Сипас ӯ тирезаро ба тамом кушод ва боди сарде дар як мижа задан саҳни дафтари кориашро лесида гузашт. Чун эшон боварӣ ҳосил кард, ки ҳавои дафтари кориаш тоза шуд, тирезаро нимпӯш намуда, сари мизи кориаш баргашта, тамокуи кайҳо хомӯшшударо ба хокистарқуттӣ гузошт ва сари мизи кориаш нишаста гуфт:
-Кори хуб нашуд.
-Нафаҳмидам.
-Чияш нофаҳмост?
-Ҳамааш.
-“Хишти аввал чун ниҳод меъмор каҷ,” аминам давомашро аллакай дарк намудед.
-То андозае.
-Аз ҳамин лиҳоз мехоҳам гузоришамро барои ба истеъфо рафтан супорам.
-Тамом?
-Бале.
-Мо бошем, ба номи шумо ифтихор доштем, ин ҷо бошад, рафторатон ба гуфторатон баробар нест.
-Баъди каломи Ҳофиз,69 банда низ чун “гуле” дар байни авроқ хоҳам монд, - бо нимтабассуме, ки шакли заҳрхандаро дошт, гуфт мусоҳиби ман.
-Барои шумо на дар сархат на дар охир ва на дар байни он авроқ ҷой нест ва ҳоло ҳам, ки дер нашудааст, роҳи дигареро ҷустуҷӯ намоед.
-Ман онро дарнаёфтам, чунки сухани нафареро дар чунин амал амонат пиндоштам, бехабар аз он ки чунин тараҳҳум аз ситамгорие нисбат ба зердастон беш нест. Бубин, ман бо як амали ноҷои хеш қариб дасту пои шуморо ҳам

69 Ишора ба каломи Ҳофизӣ Шерозӣ;-“Войзон он чӣ ки дар меҳробу минбар мекунанд”...

пешина
аз 527
навбатӣ