Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

бастам. Рафту ман ба рафти ҳодисаи аввала аз паси панҷа наменигаристам, эҳтимол ҳодисаи дуюм ҳам рух намедод.
-Ба ҷойи шумо дигар кас ҳам мебуд, айнан чунин рафтор мекард. Умуман, нафаре ба шумо муроҷиат намуда буд, боварӣ доштааст, ки шахсияташ пинҳон мемонад.
-Пас масъулияти касбӣ чӣ мешавад?
-По этике справедливость должна быть высше закона.
-Рафиқ майор, аз хотир набароред, ки мо ғуломи қонунем.
-Манзурам адолати иҷтимоист, ки ҳаргиз он боиси поймолкунии қонун намегардад ва ҳар чӣ ки он рӯз шумо ба ман гуфтед, аз андешае беш набуд ва набояд онро ба дил чунон наздик қабул кард. Аслан шумо ваколати хешро дар доираи қонун пурра иҷро намудед ва гурӯҳи оперативиро ба ҷойи ҳодиса фиристодед. Сипас, бо дархости банда муфаттишро ҳам шумо ба он ҷо фиристодед. Новобаста аз каломи шумо, ки оҳанги хоҳишро дошт, мо дар доираи талаботи қонун ҷойи ҳодисаро аз назар гузаронидем ва шоҳидонро пурсидем.
-Аз рӯйи ваколат тамоми неку бади ин коргоҳро банда ба душ доштам ва рафту чунин амал аз тарафи ягон зердасти банда рух медод, эҳтимол ман роҳи ҳалли онро низ меёфтам.
Аммо ин кор чун амали ҳамон устои дарсоз шуд, ки ҳангоми шинондани дари сохтааш дар монда.
-Мард бояд, ки ҳаросон нашавад...
-Баръакс, мард бояд шикасти хешро эътироф намояд.
Охир ба қавле ман ному насаби нафареро, ки шояд метавонист сари ин муаммо рӯшанӣ андозад, пинҳон кардам.
-Аз “шояд метавонист то метавонист” чанд фарсах роҳ аст ва ҳамин шояду агарҳо мисли муаммое дар рӯзгори бе ин ҳам нобасомони мо ҳамчун заҳрпечакҳо реша давонда.
-Пас чӣ бояд кард?
-Ҳама гуна мушкилот ҳам калиди кушоиши хешро дорад ва гумон мекунам акнун калид дар дасти мост.
-Яъне“бузак намур, ки баҳор меояд” ҳамин хел?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо