Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Айнан ҳамин хел, - тасдиқ кард муфаттиш.
-Чаро ӯ баъди ду рӯз ба ҳодисаи мазкур таваҷҷуҳ намудааст?
-Бо чунин савол дирӯз ман ба Сабоҳати Комил муроҷиат намудам ва ӯ гуфт ки субҳи рӯзи дигараш ӯ навбатдориро супорида рафтааст. Эҳтимол Ашӯр Ғулом тайи ду рӯзи охир дар бораи ҳодисаи ба вуқуъ пайваста маълумот гирд овардааст ва чун дар ин бора ба мақомотҳои тафтишотӣ хабаре ворид нашудааст, ӯ чун детективҳои хусусии мамолики Ғарб ба ҷустуҷӯи “хизматчии барқ” пардохтаву эҳтимол ба шантаж даст задааст.
-Аз ин бармеояд, ки Ашӯр Ғулом нафари дар либоси “хизматчии барқ” бударо дар наздикиҳои бино дидааст.
-Шояд чунин бошад, чунки агар ӯ “хизматчии барқ”- ро дар дохили бино медид, ҳаргиз дар бораи воридшавии эшон пурсон намешуд. Маҳз ҳамин рафтори Ашӯр Ғулом як андешаеро ба ёдам оварда истодааст.
-Бошад, - гуфтам ман ва мусоҳибамро ба баёни андешаҳояш ҳидоят намудам.
-Дишаб ман сари суханони Сабоҳати Комил хеле андеша намудам ва ба хулосае омадам, ки рӯзи 8 декабр дар байни соатҳои 12.40 то 13.10 дақиқа Ашӯр Ғулом нафари дар либоси “хизматчии барқ” бударо на як, балки ду маротиба вохӯрда, бо кадом сабабе нисбати эшон чунин таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Пас агар чунин аст, асоси таваҷуҳи вай танҳо тағйири либос шуда метавонад, дар акси ҳол агар нафаре, ки чун корманди барқ мавриди баҳси кунунии мо қарор гирифтааст, ҳаргиз таваҷҷуҳи Ашӯр Ғуломро бедор намекард.
-Аз ин бармеояд, ки “хизматчии барқ” аз бинои мазкур бо дигар намуди либос берун омадааст.
-Ва натанҳо ин.
-Боз чӣ?
-Гумон мекунам объекти нигоҳи Ашӯр Ғулом на худи “хизматчии барқ,” балки дар ду намуди либос дар байни камтар аз ним соат ба як намуди нақлиёт нишастани ӯ шудааст.
-Чунин шуданаш ҳам аз эҳтимол дур нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо